Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 29-уми Янлин дар Чин муаррифӣ шуд

Сентябрь 15, 2022 16:33

ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Янлини музофоти Шэнсии Чин Намоишгоҳи 29-уми Янлин вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсулоти аграрии ватанӣ, аз ҷумла меваҳои тару тоза, хушкмева, асал ва нону кулчаҳои тоҷикӣ муаррифӣ шуданд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар намоиши байналмилалӣ намояндагони Чин, корпусҳои дипломатӣ ва ширкатҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва инчунин суръат бахшидан ба имконияти содироту воридоти кишвар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукоти намоишгоҳ — павилиони маҳсулоти аграрии ватаниро, аз ҷумла бо меваҳои тару тоза, хушкмева, асал ва  нону кулчаҳои Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи намоиш ҳайати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Губернатори музофоти Шансӣ ва ҳайати баландпояи ин музофот мулоқот намуда, доир ба рушди ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ

Сентябрь 15, 2022 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад