Маркази ҷумҳуриявии илмии хун: Барои тамоми ҳолатҳои фаврӣ хуни кофӣ мавҷуд аст

Сентябрь 20, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба муроҷиати сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати супоридани хун барои нафароне, ки дар ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон маҷрӯҳ гардидаанд, ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки марказ барои тамоми ҳолатҳои фаврӣ хуни кофӣ дорад.

Ҳамарӯза кормандони Маркази ҷумҳуриявии илмии хун тамоми гурӯҳҳои хуни захирагардидаро назорати ҷиддӣ мебаранд. Имрӯз Маркази ҷумҳуриявӣ ва тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо хун таъмин мебошанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар вилоят норасоии хун дида намешавад ва дар ин шабу рӯз он маҷрӯҳоне, ки ба хун ниёз доранд, аз тарафи Маркази илмии хун пурра таъмин мегарданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин марказ хун ба таври кофӣ захира гардидааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 20, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид