МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мулоқот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён доир ба муқовимат ба терроризму экстремизм мулоқот доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки имрӯз ҷомеаро зарур аст тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шаванд.
Вохӯрии мазкур ҷиҳати иҷрои Нақшаи амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндагон доир ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик суҳбат намуданд.
Зикр шуд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳое пайдо шуданд, ки фаъолияти онҳо дар асл ба ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар намудани сохти ҷамъиятӣ равона шуда буд. Онҳо чанд муддат тавонистанд ҷумҳуриро ба маҳалҳо ҷудо намуда, бо таҳдиду зӯроварӣ ва мардумфиребӣ ба силоҳнок намудани гурӯҳҳои алоҳида машғул шаванд. Дар натиҷа оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, дар ҷараёни он шумораи зиёди мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расид ва ба сокинони мамлакат хисороти зиёд расонида шуд.
Маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусу иқдомҳои дурандешона ва сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем.
Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки «мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳм гузорем». Инчунин ба маданияти истифодаи интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар мавриди пайваст шудан ба интернет бояд аз мутолиа, тамошо ва паҳн намудани мақола ва наворҳои аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор мегардад.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






