«МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА АМНИЯТ». Маҷаллаи нави илмии Маркази тадқиқоти стратегӣ ба нашр расид

Сентябрь 1, 2022 09:13

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии маҷаллаи  нави илмии Маркази тадқиқоти стратегӣ бо номи «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» нашр гардид, ки аллакай ба шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи мазкур, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода иттилоъ дод.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва шинохти таҳдидҳои ҷаҳони муосир таҳти унвони «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» маҷаллаи нави илмӣ таъсис дод, ки дар як сол 4 маротиба ба табъ мерасад.

Дар маҷаллаи мазкур тибқи таснифот ва интихоби соҳаҳои алоҳидаи илм барои маҷаллаҳои илмӣ мақолаҳои илмию таҳқиқотии соҳаи сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт ва фалсафа ба нашр расонида шуда, аллакай ду шумораи он мувофиқ ба талаботи маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ба табъ расидааст.

Ба иттилои Парвиз Муҳаммадзода, маҷаллаи илмии «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосирро фаро гирифта, дар рушди илмҳои сиёсӣ, аз ҷумла муносибатҳои байналмилалӣ ва амният нақши муҳим дорад.

Вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир давлатҳои оламро водор намудааст, ки дар бораи таъмини амнияти миллӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа тадбирҳои иловагӣ андешанд ва дар мавриди шинохти таҳдиду хатарҳои замони муосир муносибати худро дигар намоянд.

«Дар чунин шароит дар баъзе давлатҳои пешрафтаи олам амниятшиносӣ ҳамчун соҳаи илми мустақил ташаккул дода шуда, иқтидори назариявию методологии он барои пешгирӣ намудани таҳдиду хатарҳо сафарбар гардидааст. Дар ин соҳаи илм маҷаллаҳои илмӣ, марказҳои илмию таҳқиқотӣ ва пажӯҳишгоҳҳо таъсис дода шуда, мутахассисони касбии соҳаи амниятшиносӣ омода мегарданд. Ин ба он хотир аст, ки дар замони муосир рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию компютерӣ муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию хоҷагидориро ба куллӣ дигаргун намудааст»,-изҳор дошт П. Муҳаммадзода.

Дар баъзе кишварҳои ҷаҳон дар самти ташаккули амниятшиносӣ корҳои назаррас анҷом дода истодаанд. Масалан, соли 2020 бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи амнияти миллӣ ва байналмилалӣ (Сербия), Донишгоҳи Барлиан (Исроил), Институти таҳқиқоти амрикоӣ ва аврупоӣ (Юнон), Институти таҳқиқоти фаромиллӣ (Олмон) бори аввал маҷаллаи илмии «Security Science Journal» таъсис дода шуд. Муассисони маҷалла дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки амниятро чун илми мустақил ва дорои назарияю методологияи мушаххас нишон диҳанд. Ба ҳамин монанд, дар кишварҳои Ғарб маҷаллаҳои гуногуни соҳавӣ бо фарогирии масъалаҳои ҷузъии соҳаи амнияти миллӣ дар тӯли ду даҳсолаи охир таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, маҷаллаи «Journal of Strategic Security», «Eurasip Journal on Information Security», «National Security Journal», «Journal of National Security: Law & Policy», «National Security Policy Journals» ва ғайра.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба масъалаҳои ҷудогонаи амнияти миллӣ ва паҳлӯҳои мухталифи он олимону муҳаққиқони ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ҳар яке аз ин олимон дар доираи предмети таҳқиқоти худ масъалаҳои алоҳидаи амнияти миллиро таҳлилу баррасӣ кардаанд.

Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» барои сиёсатшиносон, коршиносони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва амният, файласуфон, иқтисодчиён, омӯзгорону аспирантҳо, докторанту магистрҳо, донишҷуён ва доираи васеи алоқамандони илмҳои сиёсӣ пешбинӣ гардидааст.

Шакли электронии маҷаллаи мазкур дар сомонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.mts.tj ҷой дода шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд онро дар ин суроға дастрас намоянд.

Акс: МТС ҶТ

Сентябрь 1, 2022 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон