ОҚИБАТИ ҲАМА ГУНА ҶАНГ СУЛҲ АСТ. Коршиноси масоили сиёсӣ Зубайдулло Давлатов ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро маҳкум сохт
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Вақтҳои охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаҳои ҳарбӣ тез-тез рух медиҳанд. Ҳамаи аҳли ҷамоати Тоҷикистон, зиёиён, шаҳрвандони касбу кори гуногун ин амалиёти аҳдшиканонаи тарафи Қирғизистонро маҳкум мекунанд. Зимни вохӯрӣ дар ҳошияи нишасти СҲШ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон сарони ду ҷониб ба хулосае омаданд, ки комиссияи доимӣ оид ба аломатгузории сарҳад кори худро ҷоннок кунад, комиссияи топографӣ амалашро тезонад ва масъалаҳои сарҳадӣ ҳарчи зудтар ҳалли худро ёбанд»,- гуфт сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон.
Ба таъкиди З. Давлатов, қарор шуда буд, ки дар ҳамин вохӯрии СҲШ оташбас эълон карда шавад, аммо мутаассифона, баъди баргаштан аз нишасти Самарқанд низ ин оташбас риоя нагардид. Аз тарафи Қирғизистон деҳаҳои Тоҷикистон гулӯлаборон гардиданд, ки дар натиҷа одамони зиёде талаф ёфта, маҷрӯҳ шуданд. Ҳатто дар худи Қирғизистон ҳам қисми зиёди аҳолӣ тарафдори ин гуна муносибат миёни ду давлат нестанд
«Масъалае, ки ҳоло ба миён омадааст, бисёр ҷиддист. Зеро хатти сарҳади ҳанӯз аломатгузорӣ нашуда миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 500 километрро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ дар инҷо минтақаҳои баҳсӣ вуҷуд доранд. Ин минтақаҳои баҳсӣ дар наздикиҳои марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурув ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд мавҷуданд. То ин дам дар ин масъала чандин гуфтушунидҳо сурат гирифтанд ва ҳар бор бо ташаббусу дастгириҳои дуҷониба ин масъала ҳалли худро меёфт. Умедворем, ки ақли солим боло мегирад ва мушкилоти сарҳадӣ бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шуда, мавзеи боқимондаи сарҳад дар муддати кӯтоҳ аломатгузорӣ мешавад», — тазаккур дод ӯ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад буда, солҳост, ки ҳамсоягӣ дорад ва агар ҳамсоягии мо ҳамин гуна бо ташкили ҷангҳои таҳмилшуда ва вайрон намудани созишномаҳои мусолиҳатомез давом кардан гирад, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Қирғизистон зарари калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таъсири калони сиёсӣ дар пай хоҳад дошт. Набояд фаромӯш кард, ки оқибати ҳама гуна ҷанг сулҳ аст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






