Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок карданд

Сентябрь 1, 2022 18:20

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Маросими ифтитоҳи мактабҳои нав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

Нахуст оид ба охирин омодагиҳо ба расми ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов маълумот доданд.

Ба Сарони давлатҳо ва дигар иштирокчиёни маросими ифтитоҳи мактабҳои наву замонавӣ оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимӣ видеофилми кутоҳ пешкаш карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 2,4 гектар муассисаи таълимии муосир барои 2448 хонанда дар ду баст сохта шуд.

Дар маҳалли бунёди мактаби нав дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.

Сипас, дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби нави русӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо нутқи пурмуҳтаво оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвар, бахусус дар бораи самараи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маориф суханронӣ карданд.

Баъди суханронӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар вазъияти тантанавӣ барои буридани лентаи рамзӣ ва ба фаъолият оғоз кардани мактабҳои наву замонавии русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

Ҳамин тавр баъди кушодани мактабҳои нав маросими ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ ба охир расид.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёна бо забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 01.09.2022

Сентябрь 1, 2022 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд