Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 сентябр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дастур доданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Ин масъаларо Пешвои миллат зимни суханрониҳояшон чандин маротиба таъкид карда буданд ва имрӯз иловатан дастур доданд, ки гузариш ба имтиҳонҳои ҷории тестӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ ҳамаҷониба баррасӣ гардад.
Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таҳсилоти касбӣ доранд, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, китобҳои дарсиро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии ин зинаҳои таҳсил таҳия намоянд.
Ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсил мутобиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина омода кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳсили олии касбӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати мамлакат маблағгузориро барои рушди илму маориф сол ба сол афзоиш медиҳад. Дар зарфи 31 сол барои соҳиби саводу маърифат ва илму дониш гардонидани наслҳои наврас ба маблағи 434 миллион сомонӣ зиёда аз 735 номгӯй китобҳои дарсӣ бо шумораи умумии 50 миллион нусха нашр гардид.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






