Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик номиданд

Сентябрь 9, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз зимни ифтитоҳи майдони «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад», — таъкид карданд Сарвари давлат.

Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи истиқлолияту озодӣ – бузургтарин неъмати зиндагиамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Президенти мамлакат такроран таъкид намуданд, ки ҳамаи заҳмату талоши мо бояд ба хотири обод намудани Ватани азизамон ва ба қатори давлатҳои пешрафта расонидани Тоҷикистони маҳбубамон сафарбар карда шавад.

«Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне дастовардҳои истиқлоли давлатӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем, — зикр карданд Сарвари давлат. — Бо истифода аз фурсати муносиб, мардуми қавиирода ва бонангу номуси Тоҷикистони маҳбубамонро даъват менамоям, ки Ватани азизи худро сидқан ва мисли ҷони хеш дӯст доред, шукронаи ин обу хоки муқаддасро ба ҷо оваред, барои ҳимояи он аз ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир омода бошед ва ба хотири ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед».

Ёдовар мешавем, ки 8 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ майдони «Истиқлол» ва маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» ифтитоҳ карда шуданд.

Баландии маҷмааи «Истиқлол» 121 метр буда, қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисми болоии он 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолиятро ифода менамояд.

Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

Дар қисми болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 9, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид