Подшоҳи Британия Карли III расман сарвари давлатҳои Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шуд

Сентябрь 11, 2022 14:16

ДУШАНБЕ, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Карли III, ки рӯзи шанбе, 10 сентябр пас аз даргузашти модараш Елизаветаи II Подшоҳи Британия шуд, рӯзи якшанбе, 11 сентябр расман сарвари нави давлати Австралия эълон гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии SBS иттилоъ медиҳад.

Сарвазири Австралия Энтони Албанес дар маросиме дар палатаи парлумон дар Канберра дар ин бора расман хабар дод. Ӯ ҳамчунин 22 сентябрро дар робита ба марги малика Елизавета II рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Дар маросими дафни малика, ки 19 сентябр дар Вестминстери аббатӣ дар Лондон баргузор мешавад, раиси ҳукумат ва генерал-губернатор Дэвид Ҳерлӣ ширкат хоҳанд кард.

Қаблан радиои RNZ хабар дода буд, ки Карли III низ роҳбари Зеландияи Нав эълон шудааст.

Имрӯз ҳамчунин маълум гардид, ки шоҳи Британияи Кабир Карли III расман подшоҳи нави Канада эълон шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии CBC гузориш медиҳад. Маросими эълон дар Оттава, дар толори Ридо баргузор шуд. Дар маросим сарвазири Канада Ҷастин Трюдо, генерал-губернатор Мэри Саймон ва аъзои девони вазирон ширкат доштанд.

Дар Канада подшоҳии конститутсионии федералӣ бо низоми идораи парлумонӣ амал мекунад. Он як қисми Иттиҳоди миллатҳо буда, роҳбари расмии кишвар подшоҳи Британияи Кабир мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бинобар даргузашти Елизаветаи II, ки роҳбари расмии 15 давлат буд, аз 9 сентябр дар Британия мотами миллӣ эълон шудааст, ки то рӯзи маросими дафни ӯ идома хоҳад кард. Тавре рӯзи шанбе эълон гардид, 19 сентябр рӯзи истироҳат хоҳад буд. Маросими тоҷгузории Карли III пас аз чанд моҳ баргузор мешавад, санаи он ҳанӯз эълон нагардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 11, 2022 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд