Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова бо таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шуд

Сентябрь 12, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва ҳайати парлумонии ин кишвар, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, меҳмононро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Зафаршо Иброҳимзода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, роҳбалад барои онҳо сайри осорхонавӣ ташкил намуд.

Ба меҳмонон таърихи куҳани миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои «Асри санг», «Саразм», «Оини Зардуштӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Кушониён», «Аҷинатеппа», толорҳои «Кулолгарӣ» ва «Сиккаҳо» муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамчунин меҳмонон аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидан намуданд, ки нигораҳои ин намоиш инъикосгари таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик мебошанд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд