Раиси вилояти Суғд аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Исфара боздид намуд

Сентябрь 29, 2022 10:23

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара аз ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар шаҳри Исфара ҳоло ситоди вилоятӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ фаъолият дошта, тақсими масолеҳи сохтмонӣ ба сокинони зарардида, бартарафкунии оқибатҳои даргириҳо, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ таҳти таваҷҷуҳи махсус  қарор дорад.

Раиси вилоят аз нуқтаи тақсими масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ боздид карда, ба мутасаддиён дастур дод, ки ҷараёни корҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, ба мардум кумак расонанд.

Дар Исфара 90 оила бесарпаноҳ монда, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шаҳрвандони зарардида то моҳи ноябр хонаҳои истиқоматӣ аз нав бунёд карда мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода барои тақвияти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди ҳарчӣ зудтари манзилҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон  бо дастури Раиси вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳи деҳаи Навободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба масофаи 7 километр мумфарш гардида истодааст.

Роҳи деҳаи Навобод солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилоти сокинон ҳал мешавад. Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, мумфаршкунии роҳро мутахассисониширкати «Ваҳдат-2018» ба уҳда доранд.


АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 29, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид