Соҳаи тиҷорати рақамии Тоҷикистон дар Истанбул муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳадафу афзалияти тиҷорати рақамии минтақавӣ дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба тиҷорати рақамии Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (CLDP), ки аз 5 то 8 сентябр дар Истанбул доир гардид, баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абураҳмон Абдураҳмонзода, муовини Вазири молия Сарвар Қурбониён, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саид Зуҳурзода, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнудин Авазхон иштирок намуданд.
Ҷаласа бо иштироки намояндагони сатҳи баланди кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Амрико, инчунин намояндагони бахши хусусии ин давлатҳо баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба ҳимояи истеъмолкунандагони тиҷорати электронӣ, муҳити боэътимоди тиҷорати электронӣ, дастрасии молиявӣ барои тақвияти иқтидори иқтисодии занон баррасӣ гардид.
Абдураҳмонзода вобаста ба мавзӯъҳои ҷаласа маълумот дода, гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба роҳандозии тиҷорати рақамӣ корҳои назаррас амалӣ гардиданд.
Аз ҷумла, Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Илова бар ин, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои рақамӣ» қабул гардида, Қонун «Дар бораи тиҷорати электронӣ» дар марҳилаи ниҳоии қабулшавӣ қарор дорад.
Бинобар ин ҷиҳати мусоидат дар татбиқи босамари барнома ва консепсияи зикршуда, инчунин таҳияи лоиҳаҳои марбут ба тиҷорати рақамӣ аз шарикони рушд барои маблағгузорӣ даъват ба амал оварда шуд.
Зикр шуд, ки ҳамкории тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа марҳила ба марҳила дар ҳоли рушд қарор дорад. Сарфи назар аз таъсири манфии пандемияи ҷаҳонии COVID-19 гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли 2022 934,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 тақрибан 20 фоиз афзоиш ёфтааст.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ ва бо мақсади тақвияти бештари ҳамкорӣ дар самти тиҷорати рақамӣ дар доираи робитаҳои минтақавӣ якчанд пешниҳод ироа намуд, ки аз ҷониби иштирокчиён пазируфта шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






