Соҳибкорони вилояти Красноярски Русия ба Суғди Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 сентябр соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Русия ба вилояти Суғд меоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Соҳибкорони рус тайи рӯзҳои 14-17 сентябр дар вилояти Суғд бо тоҷирони вилоят мулоқот намуда, ҷиҳати табодули молу маҳсулот мубодилаи афкор менамоянд.
Ҳамзамон дар назар аст, ки меҳмонон бо имконияти мавҷудаи соҳаи сайёҳии вилояти Суғд шинос гарданд.
Зикр карда шуд, ки меҳмонон аз Регистони Панҷшанбе, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Боғи миллии «Ваҳдат», Баҳри тоҷик, корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид карда, дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 15-18 сентябр дар Тоҷикистон Форуми сармоягузории Русияву Тоҷикистон ва моҳи октябр намоишгоҳи муҳандисии тахассусии «Спестмаш – Тоҷикистон 2022» баргузор мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






