«СУХАНРОНИИ ЖАПАРОВ МЕТАВОНАД САБАБИ БАДТАР ШУДАНИ ВАЗЪИ АМНИЯТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ГАРДАД». Чунин мешуморад сиёсатшиноси мустақил, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён
ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Садир Жапаров аз минбари Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва бандҳои протоколи дирӯза, ки аз ҷониби роҳбарони комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба демаркатсия ва делимитатсияи сарҳадҳои давлатӣ ба имзо расид, мухолиф аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сиёсатшиноси мустақил, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён изҳор дошт.
Ӯ дар идома чунин гуфт:
— Ҳанӯз дирӯз ҷонибҳо масоили таъмини субот дар минтақаи марзии ду кишвар ва риояи ҳатмии низоми оташбасро баррасӣ намуданд. Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо протоколи иборат аз се бандро ба имзо расониданд: 1) аз хати сарҳадӣ ба макони доимии будубош бурдани низомиён; 2) дар сарҳади ду кишвар боқӣ мондани танҳо сарҳадбонон; 3) идома ёфтани раванди ҳалли масъалаҳои марзӣ ва муътадил гардондани вазъият дар ин ҳудудҳо.
Ривоятҳое, ки Садир Жапаров таҳия кардааст, ба моделсозии даргириҳои калонмиқёси мусаллаҳона бо ҳамсоя равона гардидаанд. Акнун, умедворам, маълум мешавад, ки дар ниҳояти кор ташаббускори тамоми моҷароҳои наздисарҳадӣ кист ва фаҳмидани он чиз махсусан муҳим аст, ки чаро ин корҳо карда мешаванд?
Дурӯғҳои бешармонае, ки аз тарафи президенти Қирғизистон садо доданд, ҷониби Тоҷикистонро ба нашри ҳамаи мавод дар бораи муноқишаҳои марзӣ, нишон додани шоҳидони воқеӣ дар марз ва бахусус онҳое, ки аз худсарии низомиёни қирғиз дар Ворух, Хоҷаи Аъло, Чоркӯҳ, Овчиқалъача зарар дидаанд, водор мекунад.
Дар Тоҷикистон хеле умедвор буданд, ки созишҳои ҳосилшуда дар мавриди ба эътидол овардани вазъ дар марз амалӣ мешаванд ва мо бори дигар шоҳиди иғвои Қирғизистон нахоҳем шуд.
Суханронии Садир Жапаров дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид метавонад сабаби ташаннуҷи вазъ на танҳо дар марз бо Тоҷикистон, балки ба таври ҷиддӣ бадтар шудани амният дар саросари Осиёи Марказӣ гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!






