Тоҷикистон ва Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо директори Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Кавказ, Осиёи Миёна ва Муғулистон Норберт Функе вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба вазорати мазкур.
Завқӣ Завқизода тақвияти ҳамкории минбаъдаро дар самтҳои таҳияи модели муосири дурнамои макроиқтисодӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ вобаста ба омодасозии гузоришҳои таҳлилии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфта ва пешниҳоди кумаки техникӣ барои такмили самтҳои зикргардида зарур арзёбӣ намуд.
Завқӣ Завқизода гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодӣ таъсис дода шудааст ва тақвияти ҳамкории марказро бо пажӯҳишгоҳи мазкур зарурӣ арзёбӣ намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ доир ба ташкили чорабиниҳои машваратию омӯзишӣ вобаста ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






