«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ». «Албом-Эстафета» ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расид
ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар ин ноҳия Ҳафиза Раззоқ «Албом Эстафета»-ро, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардида истодааст, дар даромадгоҳи ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки садҳо нафар аъзои ҲХДТ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан” ба Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Аббос Сайидмуъминзода тақдим намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ҳамоиши бошукӯҳ вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева ва Адолат Раҳмонова, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат доштанд.
Нахуст меҳмонон ва иштирокчиёни Аксияи ҷумҳуриявии “Албом — Эстафета” аз Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дидан намуданд. Зимни суҳбат меҳмонон коргарон, бавижа хусусан ҷавононро ба заҳмати софдилона ва саъю кӯшиш баҳри рушди иқтисодиёти кишвар даъват намуданд.
Дар идомаи Аксияи “Албом-Эстафета” бо иштироки зиёда аз 1000 нафар сокинони ноҳия роҳпаймоӣ доир гардид. Баъдан меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунарӣ, маҳфилҳои эҷодии наврасону ҷавонон ва машғулияти варзишгарони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуданд. Баъдан дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим идомаи чорабинӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдоди даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими сулҳу субот, бунёдгузории давлатдории навини тоҷикон заминаи воқеӣ гузошт. Ҳама пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз аз Иҷлосияи тақдирсоз маншаъ мегиранд.
Дар идомаи вохӯрӣ вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар вилоят ва раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар ҷавонони ноҳия, ки ба сафи ҲХДТ пайвастаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
АКС: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон













Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд






