Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил шуд

Октябрь 14, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи  соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октбяр дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, дар  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Соҳибкории инноватсионӣ ва нақши он дар таъмини саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд дар донишгоҳи мазкур. 

Дар ҳамоиш вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорони муваффақ иштирок намуданд.

Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмии омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ ва биноҳои нави таълимии Донишгоҳ, ки аз 17 озмоишгоҳи таълимӣ иборат мебошад, дидан намуда, ба пойгоҳи муосири таълимии муассиса ва дастовардҳои олимони Донишгоҳ баҳои баланд доданд.


Дар ҳамоиш муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Мирзоҳид Раҳимов иброз намуд, ки «бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкор таҷлил гардида, эътирофи хизматҳои шоёни соҳибкорон ва таҷлили ин рӯз дар мамлакат саривақтӣ мебошад».

Масъалаи рушди соҳибкорӣ аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дошта, сол ба сол бо дарёфти захираву имконияти мавҷуда тадбирҳои мухталиф анҷом дода мешаванд. Дастгирии соҳибкорӣ ва қабл аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ,  аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад.

Дар ҳамоиши илмӣ вакили Маҷлиси намояндагон Рустам  Раҳматзода, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини Раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Шаҳло Сайфзода, сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон Некрӯй Забиров ва муовини сардори шуъбаи сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон Беҳзод Ҷураев доир ба рушди соҳикборӣ дар кишвар маърӯза намуданд.

Дар интиҳои ҳамоиш   барои ҳамкории судманд дар самти омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи молия ва бонкдорӣ «Сипоснома»-и раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тақдим карда шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Октябрь 14, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд