ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони Шаҳринав бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар шуданд
ШАҲРИНАВ,04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ» маросими Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар ин рӯзи хотирмон 70 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд.
Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар маросими тантанавии гусели наваскарон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвор ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар доранд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад”.


Собиқадори меҳнат Музаффар Дадабоев гуфт, ки “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ ҷавононро аз лиҳози сиёсиву ҳарбӣ ва ҷисмонӣ тарбия намуда, ба сифати муҳофизи Ватан омода менамояд. Афсарону сарбозони Артиши милли мо сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ гардида, маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии онҳо дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд. Мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонони бонангу номуси ноҳияи Шаҳринав дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат адои хизмат намуда истодаанд, ки сарбаландии волидон ва намунаи ибрати насли ҷавон ба ҳисоб мераванд”.
Дар ҷамъомади тантанавӣ наваскарон омодагии худ ва содиқона адо намудани хизмати ҳарбиро изҳор дошта, қавл доданд, ки дар оянда низ барои пешрафту шукуфоии Ватани азиз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат хоҳанд кард.
Чун анъанаи гузаштагон дар ин маърака маросими кулчагазон доир гардида, баҳри болидахотирии наваскарон барномаи консертии санъаткорони ноҳия баргузор шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






