«MADE IN BELARUS». Дар Душанбе намоиши молу маҳсулоти ин кишвар доир мешавад

Октябрь 10, 2022 16:03

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Беларус баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Палатаи  савдо ва саноати Тоҷикистон ва Беларус ва  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд.

Дар ҳошияи ҳамоиш ҳамчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Made in Belarus» баргузор мегардад.

Дар ҳамоиш доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларус масъалаҳои марбут ба тақвияти  ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ менамоянд.

Соҳибкорони тоҷик метавонанд бо ҳамкасбони беларусиашон дар сиғаи B2B /соҳибкор бо соҳибкор/ мулоқот намоянд.

           АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 10, 2022 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд