ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ. Дабири кулли СММ аз сарони давлатҳо даъват кард, ки дар конфронс оид ба иқлим иштирок намоянд

Октябрь 4, 2022 12:02

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. То оғози Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба иқлим (КC-27) беш аз як моҳ мондааст. Он дар Шарм ал-Шайхи Миср барпо мегардад. Дирӯз, 3 октябр дар Киншаса- пойтахти Ҷумҳурии Демократии Конго ҷаласаи омодагии ин форуми асосии экологии ҷаҳонӣ оғоз ёфт, ки дар он муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад ширкат мекунад. Худи Котиби генералӣ дирӯз дар Ню-Йорк бо хабарнигорон мулоқот намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба кори конфронс заминаи мустаҳкам гузоранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба дафтари матбуоти созмони ҷаҳонӣ хабар дод.

Антониу Гутерриш аз пайомадҳои бесобиқаи тағйирёбии иқлим, ки инсоният танҳо соли равон бо он рӯ ба рӯ шудааст, ёдовар шуд: сеяки Покистон зери об мондааст, дар Аврупо гармтарин тобистон дар 500 соли охир ба мушоҳида расид, харобиҳои шадид дар Филиппин ва қатъи неруи барқ ​​дар Куба.

Дабири кулли СММ гуфт, бо вуҷуди ин ҳама муҳимият масъалаи тағйирёбии иқлим бештар аз дигар масоили муосир, аз қабили ҷанг дар Украина соя меафканад. Дар шароите, ки «бесару сомонии иқлимӣ» авҷ мегирад ва иқдом оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва вокуниш ба оқибатҳои ин тағйирот ба миқёси мушкилот мувофиқат намекунад, башарият дар хатар аст, зикр намуд роҳбари СММ.

Қарорҳое, ки дар конфронси Миср аз 6 то 18 ноябр қабул мешаванд, ояндаи сайёраро муайян мекунанд. Аз ин рӯ, Антониу Гутерриш умедвор аст, ки ҳам кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ва ҳам дар ҳоли рушд ба созиш меоянд. Дабири кули СММ муътақид аст, ки ҳоло дар ду самти калидӣ пешрафтҳои қобили мулоҳиза заруранд — роҳи ҳал ва иқдом барои рафъи талафот ва хисороте, ки бисёре аз кишварҳо ба танҳоӣ наметавонанд аз уҳдаи он бароянд ва маблағгузории иқлим. Маҳз масъалаи ҷубронпулӣ, махсусан барои кишварҳои осебпазиртарин аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

«Ҳафтаи равон муайян хоҳад гардид, ки ин масъалаи муҳим дар Шарм- ул-Шайх чӣ гуна ҳал хоҳад шуд. Вазирон, ки дар Киншаса ҷамъ омадаанд, бояд роҳҳои ҳалли мушкилотро пайдо кунанд ва баҳси дигареро оғоз накунанд, ки ба ҳеҷ куҷо намерасад»,-гуфт Антонио Гутерриш.

Бо ишора ба паҳлӯи молии масъала кишварҳои пешрафта бояд тасмим бигиранд, ки чӣ гуна ва кай ба ироаи ваъдаи худ- 100 миллиард доллар дар як сол барои дастгирии амалиёти иқлимӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд оғоз мекунанд. «Мо мехоҳем далелҳоро бубинем, ки онҳо маблағгузории мутобиқшавиро дар соли 2025, тавре ки дар Глазго мувофиқа шуда буд, ҳадди ақалл 40 миллиард доллар афзоиш диҳанд», — гуфт Дабири кулли СММ.

Ба андешаи Антонио Гутерриш, зарур аст, ки дар ин раванд бонкҳои бисёрҷонибаи рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ширкат кунад. Дар ҳамин ҳол, ба бовари Дабири кулл, созмонҳои молии байналмилалӣ ба захираҳои иловагӣ ниёз доранд. Вай ба саҳмдорони асосии банкҳои байналмилалӣ умед мебандад, ки неруи пешбарандаи дигаргуниҳои мусбат гарданд

ДАР СУРАТ: қурбониҳои гармшавии кураи Замин — суръати обшавии пиряхҳо дар ҷаҳон афзоиш ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар мавриди зарурати таъсиси фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз минбари Конфронси байналмилалии тағйирёбии иқлим дар Копенгаген пешниҳод карда буданд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шавад.

Калиди муваффақият якдилӣ ва амалиёти қатъӣ мебошад, чунин мешуморад Котиби генералӣ.

Беҳтарин роҳи муаррифӣ иштирок дар Конфронси Шарм-ул Шайх мебошад, гуфт Гутерриш. Вай аз роҳбарони сатҳи олӣ даъват намуд, ки дар Конфронси иқлимӣ ширкат намуда, ба ҷаҳон бигӯянд, ки онҳо дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ кадом иқдомҳои марбут ба тағйирёбии иқлимро анҷом медиҳанд.

Вазифаҳои асосии рӯзномаи конфронс вобаста ба иқлимро муовини якуми Котиби генералӣ Амина Муҳаммад дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи омодагӣ, ки дар он вазирони экологияи мамлакатҳои иштироккунандаи созишномаи Париж оид ба иқлим дар Киншаса иштирок доштанд, баён кард.

АКС: СММ/АМИТ Ховар

Октябрь 4, 2022 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода