БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон маркази савдои «Хорог сити» ифтитоҳ ёфт

Октябрь 28, 2022 09:09

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи «Табобатхона»-и шаҳри Хоруғ маркази савдои «Хорог сити» ба фаъолият шурўъ кард. Маркази  мазкур  бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Собир Абдураҳмонов ифтитоҳ гардида, дар он асосан маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили маводи хӯрокворӣ фурӯхта мешаванд. Дар марказ 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо маоши баланд ва ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи маркази савдо муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Низом Мирзозода ва Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода иштирок намуданд.

Ризо Назарзода бо ин иқдоми нек соҳибкорро намунаи ибрат ва пайравӣ дониста, таъкид дошт, ки ҳамарӯза соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар шаҳри Хоруғ дар арсаи созандагию ободкорӣ саҳми арзанда мегузоранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардум пайваста таъкид мекунанд, ки «Ватанро дар сухан не, балки сидқан, аз самими қалб дӯст дорему дар ободии он саҳм гузорем».

Низом Мирзозода ин иқдоми некро баҳри рушди соҳаи савдо иқдоми саривақтӣ шуморида, барои таҳким бахшидан ба хизматрасонии ин марказ дастурҳои иловагӣ дод.

Маркази савдо аз чор ошёна иборат буда, ояндаи наздик дар ошёнаҳои боло хизматрасониҳои дигар низ ба роҳ монда мешаванд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Октябрь 28, 2022 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд