БОРИ АВВАЛ ДАР ҲАЗОРОН СОЛ. 31 ибтикори барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон, ки Тоҷикистонро ба таври назарррас дигаргун намуда, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон 9 сентябр 31-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифт. Дар тӯли 31 сол кишвари мо дар натиҷаи сарварии оқилона ва фидокоронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба сатҳи нави тараққиёт барояд.
Имрӯз, дар зодрӯзи Пешвои муборакройи миллат, АМИТ «Ховар» аз 31 ибтикори барҷастаи Сарвари давлат ёдовар шудааст, ки Тоҷикистонро ба таври назаррас дигаргун намуда, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.
Муаллиф навиштааст: «Бидуни камаҳамият ҷилва додани хизматҳои шоистаи дигарон метавон қотеъона тазаккур дод: Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ба он андоза корҳое кард, ки дар тӯли ҳазорон сол дигар ба ягон роҳбари ин миллат муяссар нагаштааст», — навиштааст муаллиф. Бино ба зикри ӯ, Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон он нақши миқёсан азимеро бозидааст, ки гунаи онро дар рушди давлатҳои худ чунин сиёсатмардони маъруф ба мисли Отатурк дар Туркия, Шарл де Гол дар Фаронса, Моҳатҳир Муҳаммад дар Малайзиё, Ли Куан Ю дар Сингапур, Дэн Сяопин дар Чин ва ё Франклин Рузвелт дар Амрико доштаанд.
«Ибтикор» чист? Дар луғатҳо омадааст: «кори наверо баҷо овардан, навигарӣ даровардан; ташаббус, шуруъ намудан ба чизе, ки пеш аз ин касе ба он даст назадааст».Муаллиф менависад, ки ин қабил корҳо, ташаббусҳо, навовариҳо дар фаъолияти Сарвари давлати Тоҷикистон фаровонанд. Ва ӯ аз 31 чунин ибтикороти Пешвои миллат дар 31 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ёдовар мешавад: берун овардани кишвар аз бунбасти низомӣ, тақвияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд овардани «фарҳанги сулҳи тоҷикон», таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ислоҳоти фарогир, таъсиси сохтори муассири идоракунӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, ба роҳ андохтани гуфтугӯи ҷамъиятӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, боло бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, эълони чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумат, таъмини шароити созгор барои тиҷорат, аз сар гирифтани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, қабули қонунҳо дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот, афзоиши дарозумрӣ, коҳиши камбизоатӣ, афзоиши бесобиқаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, буҷаи давлатӣ ва маошу нафақа ва ғайра.
Тафсилоти бештари нигоштаи мазкурро дар бахши русӣ мутолиа намоед.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






