Чин ба рушди аълосифат тамаркуз хоҳад кард-Си Ҷинпин

Октябрь 17, 2022 11:13

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чин ба рушди аълосифат тамаркуз хоҳад кард. Ин изҳорот рӯзи якшанбе дар ифтитоҳи Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Чин аз сӯи Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин Си Ҷинпин садо дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти иттилоотии замимаи мобилии «Россия -Чин: асосӣ» хабар медиҳад.

 «Бе заминаи мустаҳками моддию технологӣ давлати муосири сотсиалистии аз ҳар ҷиҳат тавоно барпо кардан мумкин нест»,-иброз дошт Си Ҷинпин дар маърӯзаи ҳисоботӣ.

Ба ақидаи ӯ, рушди аълосифат афзалияти асосии Чин боқӣ мемонад, аммо ислоҳот дар самти иқтисодиёти бозаргонии сотсиалистӣ ва ошкорбаёнии дараҷаи олӣ гузаронда мешаванд.

Си Ҷинпин иттилоъ дод, ки Чин дар чанд соли охир дар якчанд фанновариҳои калидӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои кайҳонӣ ва ҳастаӣ, компютерҳои пурқудрат ва технологияҳои биологӣ, ки дар дорусозӣ истифода мешаванд, пешрафт кардааст.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки маориф, технология ва истеъдод заминаи рушди кишвар маҳсуб мешаванд. Чин ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-ро қабул кард, ки ба барномаи ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфта, шарики асосии тиҷоратии беш аз 140 кишвар ва минтақа гардид, дар ҷаҳон доир ба ҳаҷми умумии савдои мол ҷои аввалро ишғол мекунад, инчунин  дар самти  ҷалби сармояи хориҷӣ ва берунӣ пешсаф аст.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Чин дар Пекин 16 октябр ифтитоҳ ёфт.

      АКС: Xinhua

Октябрь 17, 2022 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид