Дар «Қасри Арбоб» корҳои омодагӣ баҳри таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд
ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоби шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд шуда истодааст, ки барои сокинону меҳмонон ва сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ мегардад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи лоиҳа, иншоот бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, дар он барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст. Сохтмончиёну мутахассисон ва рассомону ҳунармандон барои татбиқи босифати лоиҳа ҳамаҷониба талош менамоянд. Айни замон дар «Қасри Арбоб» корҳои омодагӣ баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
Назаре ба таърихи бунёди «Қасри Арбоб»
«Қасри Арбоб» зарфи шаш сол- 1951 -1957 дар теппаи Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз болои он тамоми атроф намоён аст, сохта ба истифода дода шуд. Асосгузори он раиси собиқ колхози «Москва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1948-1957) Саидхоҷа Урунхоҷаев (1901-1967) мебошад. Санги асоси ин қасри таърихиро аллома Бобоҷон Ғафуров гузоштааст. Таърихи сохтмони Қасри «Арбоб» аз сафари Саидхоҷа Урунхоҷаев ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Россия сарчашма мегирад. Ҳангоме ў ба ин шаҳрҳо сафар менамояд, қасрҳои бошукӯҳро, ба мисли Эрмитаж ва Қасри Петергоф дар Санкт-Петербургро тамошо карда, ҳавасаш меояд ва ният мекунад, ки дар зодгоҳаш барои колхозчиёну деҳқонон чунин қасри боҳашамат бунёд намояд. Саидхоҷа Урунхоҷаев баъди бозгашт аз Русия 22 колхозро муттаҳид намуда, номи онро Ворошилов мегузорад. Бо роҳбарии ў колхоз даромади зиёд мегирад ва имконият пайдо мешавад, ки сохтмони «Қасри Арбоб»-ро оғоз намояд.Қаср аз ду ошёна иборат буда, сохтмони он расман соли 1951 шурӯъ гардидааст. Арзиши умумии «Қасри Арбоб» 50 миллион рубли давраи шӯравиро ташкил медод, аммо ҳамагӣ 12 миллион рубли он сарф гардидааст, зеро ин бино асосан бо роҳи ҳашар бунёд гардидааст. Намуди зоҳирии «Қасри Арбоб» муосир буда, ба Қасри Петергофи Санкт-Петербург шабоҳат дорад.
Саидхоҷа Урунхоҷаев — бунёдгузори Қасри «Арбоб»
Яке аз пахтакорони номдори собиқ вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Саидхоҷа Урунхоҷаев соли 1901 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, яке аз навоварони истеҳсолоти колхозӣ дар шимоли Тоҷикистон буд. Вай солҳои 1936—1951 раиси якчанд колхозҳо дар вилояти Суғд, аз ҷумла солҳои 1952—1967 раиси колхози «Москва» буд, ки яке аз хоҷагиҳои пешсафи пахтакори ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Дар солҳои роҳбарии ў дар ҳудуди колхоз 11 мактаб, мактаб-интернат, қасри фарҳанг, 5 кинотеатр, осоишгоҳ, беморхона, таваллудхона ва дармонгоҳ сохта шуд. Саидхоҷа Урунхоҷаев соҳиби чор фарзанд буд, ки ду фарзандаш дар давраи кӯдакиашон фавтиданд. Писараш Исохоҷа Урунхоҷаев соли 1995 дар 66 –солагӣ ва духтарашон Мунаввара Урунхоҷаева соли 2014 дар сини 77 вафот намудаанд. Алҳол набера ва абераҳояшон давомдиҳандаи кору пайкори бобои худ ҳастанд.
Нақшу нигори «Қасри Арбоб» — собитгари ҳунармандии халқи тоҷик
Нақшу нигори шифт ва равоқҳои ин қаср диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад. Дар нигоҳи аввал ҳамаашон як хел ба назар мерасад, аммо вақте бодиққат назар намоем, нақшу нигори ҳар як равоқ аз ҳамдигар фарқ менамояд, яъне 36 равоқи қаср бо гулу нақшу нигори гуногун ва такрорнашаванда аз ҳамдигар тафовут менамоянд. Дохили меҳробҳои қаср гаҷкорӣ ва кандакорӣ гардидааст.Тибқи иттилои масъулин, нақшу нигори «Қасри Арбоб» аз ҷониби чор нафар устоҳои чирадаст ва ботаҷрибаи маҳаллӣ- Усто Очил, Усто Раҳимшоҳ, Усто Зокир, Усто Мақсуд, ки синнашон аз 70 боло ва аз Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан буданд, ҳамроҳ бо шогиронашон ба анҷом расонида шудааст. Устоҳои маҳаллӣ дар рангҳое, ки дар нақшу нигорҳои Қаср истифода намудаанд, зардии тухм, ширеши зардолу ва асал омехта намуда, маҳсули корашонро ба муҳлати сад сол кафолат додаанд. Ин гуфтаҳо бозгӯи онанд, ки бо гузашти 64 сол бидуни ягон тағйирот рангҳои табиии нақшу нигори дар қаср истифодашуда нафосат ва зебогии худро ҳифз ва нигоҳ доштаанд.
То оғози корҳои навсозӣ масоҳати «Қасри Арбоб» 7 гектар ва дар маҷмӯъ бо боғи атрофаш 51 гектарро ташкил дода, гулу буттаҳо ва дарахтони нодири ҳамешасабз ва фаввораҳои зебо ба саҳни қаср шаҳомати дигаре зам менамоянд ва макони сайру саёҳат ва фароғати сокинон ва меҳмонони вилояти Суғд гардидааст.Ёдовар мешавем, ки соли 2012 ба ифтихори 20-солагии Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаср таъмир гардида, танҳо фарш ва курсиҳояш иваз гардиданд. Нақшу нигори қаср аслист.
Намои берунаи қаср, ки аслаш гулобӣ буд, соли 2012 ҳангоми таъмир онро зардча ранг карданд. Қасри «Арбоб», ки толори маҷлисгоҳаш дорои 700 ҷойи нишаст аст, барои чорабиниҳои сатҳи баланд ва сиёсӣ бо иштироки Пешвои миллат ва раиси вилоят истифода мегардад. Аз ҷумла, 11 июни соли равон дар «Қасри Арбоб» вохӯрии Сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд доир гардид. Инчунин ҳар нафаре, ки ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад, аз ҷумла сайёҳон ҳатман ба тамошои Қасри фарҳангии таърихии «Арбоб» меоянд.
Осорхонаи «Қасри Арбоб» — бозгӯи тақдирсоз будани иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллат
Ин қаср то соли 1985 идораи маъмурии колхоз буда, барои гузаронидани маҷлис бо иштироки колхозчиёну деҳқонон, намоиши консерт, кино ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ истифода мешуд ва соли 1985 он ба Осорхона табдил гардид.
Қаср дорои тақрибан сад утоқи корӣ буда, қаблан ҳамчун ҳуҷраҳои идораи колхоз истифода мешуд, инчунин дар дохилаш чойхонаи миллӣ низ вуҷуд дошт. Ҳамзамон хонаҳои миллии қадимаи тоҷикии намунаи солҳои 50-60 ҳамчун осорхона истифода гардидаанд.
Ҳар як ҳуҷраи осорхонаи Қаср бозгӯи таърихи пурғановати миллати тоҷик аст. Аз ҷумла, давраи пеш ва баъди инқилоби Октябр — солҳои 1916-1940, ки дар он расмҳои мактаби усули нав, сохтмони канали Фарғона, ки бо роҳи ҳашар дар зарфи 45 рӯз бо тӯли 365 км сохта шудааст, толори Ҷанги Бузурги Ватанӣ — солҳои 1941-1945 ҷойгиранд.
Дар «Қасри Арбоб» бештар таваҷҷуҳи ҳар бинандаро толорҳои баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии. Тоҷикистон ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дар зарфи 30 сол ба худ ҷалб менамоянд.Дар ин толор аксҳое, ки дар ҷараёни иҷлосияи таърихӣ гирифта шудаанд, аз қабили маросими оши оштӣ, бӯсидани Парчам аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар лаҳзаҳои таърихӣ ва сарнавиштсози ҷараёни баргузории иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд, ки бозгӯи таърихи даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тақдирсоз будани иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти давлат ва миллати тоҷик мебошанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»