Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон

Май 5, 2026 15:48

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир обрӯ ва нуфузи ҳар давлат на танҳо аз қудрати иқтисодӣ ё низомӣ, балки аз имиҷи байналмилалии он низ вобаста аст. Имиҷ — ин чеҳраи давлат дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Давлате, ки дар арсаи байналмилалӣ бо сулҳхоҳӣ, субот, фарҳанги баланд ва сиёсати мутавозин муаррифӣ карда мешавад, табиист, ки мавқеи устувортар ва эътимоди бештарро соҳиб мегардад.

— Тоҷикистон низ дар даврони истиқлолият роҳи пурпечутоберо тай намуда, аз кишвари гирифтори буҳрон ба давлати орому рушдёбанда табдил ёфт. Дар ин раванд нақши шахсияти калидӣ –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Маҳз таҷрибаи мактаби давлатдорияшон буд, ки имиҷи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шакл дода, тақвият бахшиданд.

Солҳои аввали истиқлолият барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи бисёр сангин буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ ва нобоварӣ ба оянда симои давлатро дар чашми ҷаҳон заиф гардонида буд. Аммо дар чунин шароити ниҳоят душвор ва тақдирсоз, ки ҳастии давлат ва ояндаи миллат зери хатари ҷиддӣ қарор дошт, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат, матонат ва далерии бесобиқа роҳбарии давлат ва, масъулияти сарнавишти халқро ба уҳда гирифтанд. Роҳбари давлат на танҳо аз хатарҳо натарсиданд, балки бо иродаи қавӣ ва боварии комил ба фардои миллат омода буданд, ки барои сулҳу субот ва наҷоти кишвар аз ҷони худ низ гузаранд.

Дар ҳоле, ки ҷомеаро бесарусомонӣ, ноамнӣ ва ноумедӣ фаро гирифта буд, Роҳбари давлат роҳи душвортарин, вале дурусттаринро интихоб намуданд — роҳи сулҳ, ваҳдат ва оштӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро ба ҳайси арзиши олӣ ва ҳадафи стратегии давлат қарор дода, бо талошҳои пайгирона ва музокироти тӯлонӣ тавонистанд неруҳои даргирро сари мизи гуфтушунид оваранд ва заминаи сулҳи пойдорро фароҳам созанд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат музокироти сулҳ натиҷа дод ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин иқдоми ҷасурона на танҳо нишонаи иродаи сиёсӣ, балки далели равшани садоқат ба Ватан ва масъулияти бузург дар назди таърих ва наслҳои оянда буд, ки дар натиҷа сарнавишти миллат аз вартаи нобудӣ ба сӯи созандагӣ ва рушди устувор тағйир ёфт. Ин рӯйдод на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ намунаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун модели муваффақ дар ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф шудааст. Ин дастовард имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори муколама дар ҷаҳон муаррифӣ кард. Аз ҳамон лаҳза Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан аз кишвари буҳронзада ба шарики боэътимоди байналмилалӣ табдил ёфт.

Таҳияи Конститутсия, ташкили ниҳодҳои давлатӣ, эҳёи иқтисод ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаҳои асосии рушди минбаъдаи мамлакатро фароҳам оварданд. Дар ин замина сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарияти давлат боиси он гардид, ки Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳи таърихӣ мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд.

Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии муваффақ мебошад. Ин сиёсат, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ба рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон замина гузошт. Тоҷикистон бо риояи принсипҳои эҳтироми мутақобил, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории судманд тавонист робитаҳои дипломатиро бо даҳҳо давлатҳо густариш диҳад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, бо ташаббусҳои фарогири байналмилалӣ тавонист худро ҳамчун кишвари фаъолу масъул дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ намояд. Пеш аз ҳама, иқдом марбут ба захираҳои об дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ҷойгоҳи махсус доранд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005–2015) ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018–2028) эълон гардида, масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ба яке аз мавзуъҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Ин ташаббусҳо Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи дипломатияи об муаррифӣ намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва таъмини рушди устувор боз ҳам боло бурданд. Ҳамзамон пешниҳодҳо оид ба таҳкими сулҳ, аз ҷумла идеяи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», инчунин таъкиди пайваста ба нақши созандаву ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати сулҳхоҳона ва муколамаи созанда дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар баробари сиёсати хориҷӣ фарҳанг низ дар ташаккули имиҷи давлат нақши муҳим мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон чун давлати дорои тамаддуни куҳан ва фарҳанги ғанӣ муаррифӣ гардидааст. Якчанд арзишҳои фарҳангии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ — ЮНЕСКО ворид шуда, эътирофи байналмилалӣ пайдо карданд. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи фарҳанги сулҳу дӯстӣ, мусиқии классикии Шашмақом, санъати мардумии Фалак ба ҳайси унсурҳои мероси ғайримоддии башарият эътироф шудаанд. Ҳамчунин ҷашни бостонии Меҳргон ва ёдгории қадимии Саразм, ки аз тамаддуни куҳани тоҷикон шаҳодат медиҳанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷикон ҳамчун ҷузъи муҳими тамаддуни башарӣ эътироф шуда, Тоҷикистон тавонистааст бо такя ба арзишҳои фарҳангии худ имиҷи байналмилалияшро таҳким бахшад.

Дар маҷмуъ, ҳамаи ин ташаббусҳо ва дастовардҳо гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба давлати ташаббускор, сулҳпарвар ва фарҳангпарвар дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, бо сиёсати хирадмандонаву созанда мамлакат тавонист ҳамчун шарики боэътимод дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ баромад кунад. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо бо мавқеи сиёсӣ, балки бо иқдоми созанда дар соҳаҳои об, сулҳ ва фарҳанг дар ҷаҳон шинохта мешавад, ки ин ҳама ба баланд гардидани обрӯ ва нуфузи он дар ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат намуда, заминаи устувор барои рушди минбаъдаи давлат фароҳам меорад. Ин дастоварди тасодуфӣ нест, балки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти давлат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат тавонистанд бо иродаи қавӣ ва хиради сиёсӣ давлатеро, ки дар вартаи буҳрон қарор дошт, ба мамлакати устувор ва эътирофшуда табдил диҳанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳо низ таҷрибаи ибратомӯз мебошад. Ин мактаб бар пояи сулҳ, ваҳдат, субот ва рушди устувор бунёд ёфта, имрӯз дар ташаккули имиҷи байналмилалии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад.

Имиҷи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи сиёсати оқилона, заҳмати пайгирона ва диди стратегие мебошад, ки дар маркази ин ҳама як шахсият — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон бо номи Сарвари давлат муаррифӣ карда мешавад.

Суҳайл АСРОРЗОДА,
докторанти PhD-и курси 2-и кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2026 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд