ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Агар иқрор шавем, ки дар таърих ду маротиба бахт бар рӯи тоҷикон хандидааст, пас метавон гуфт, ки ин ҳодиса нахуст дар рӯзгори Сомониён ва пасон дар солҳои раҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастааст.
— Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне, ки арзишҳои миллӣ зери по уфтода, қадраш паст шуда буд, ба саҳнаи сиёсат ва давлатдорӣ ворид шуданд. Амалан тоҷикон дар вазъе қарор доштанд, ки ба замони вуруди Сомониён шабеҳ буд. Сомониён агар дар он замон ба эҳёи фарҳанг ва ҳувияти нажодии тоҷикон иқдом карда бошанд, Роҳбари давлат чунин корро дар замони сонӣ бо устуворӣ ва матонат ба беҳтарин ваҷҳ анҷом доданд.
Аз оғози фаъолияти давлатдориашон Роҳбари давлат зарурати эъмори давлати миллиро асоси консепсияи сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии худ қарор дода, саъю талошашонро ба инкишофи шуури миллат равон намуданд. Ва итминон доштанд, ки ҳадафи волояшон барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ заминаи мусоид ва воқеӣ фароҳам меоварад. Бад-ин тариқ, бунёди ҷомеаи миллии маънавибунёд асоси консепсияи Сарвари давлатро дар роҳи эъмори давлати миллӣ ва эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон ташкил медод. Беҳуда набуд, ки дар аксари мақолаю таҳқиқот ва суханрониҳояшон сари ибораҳои давлати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳёи миллат таъкид меварзанд. Номи куллиёти осорашонро низ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» унвон намудаанд, ки моҳияти андешаю ормонҳои маънавию миллии Пешвои миллатро ифода менамоянд.
Дар усули идорӣ ва консепсияи эҳёи миллӣ Сарвари тозаинтихоби тоҷикон, пеш аз ҳама, бунёди ҷомеаи маънавибунёди миллиро асос қарор дода, ба ин васила тавонистанд заминаҳои маънавии рушди иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷиконро фароҳам оваранд. Дар ин роҳ дарси таърих асоси диду водиди назарӣ ва амалии Пешвои миллат қарор гирифт. Таҷрибаи гузаштаро ҳамчун меъёри шинохти дирӯз ва андозагирӣ барои фардо корбаст намуданд. Дар ин замина беҳуда набуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сараввал ба масъалаҳои сарнавишти таърихӣ ва фарҳанги миллати соҳибтамаддуни тоҷик, омилҳои бақо ва ҳастии он, шинохти озодиву истиқлолият, арзишҳои фарҳангиву маънавии он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Сарвари давлат ҳадафи волои миллатдӯстӣ ва ҳувиятсозияшонро дар мақолаи «Инсон ва андешаи ҷаҳонсози ӯ» ба ин тарз баён дошта буданд: «Ба гузаштаи дури миллати худ рӯй овардани мо фақат маълумотнома, санад ва мадорики таърихӣ ҷамъ овардан нест, балки беҳтарин, шоёнтарин ва гиромитарин андеша, афкор ва рӯйдодҳои сарнавишти миллатамонро барои такомули хушбинонаи имрӯзу ояндаи халқамон ва бунёди як ҷомеа ва давлати навин меомӯзем ва истифода мекунем. Зеро ҳеҷ миллате бе донистан, омӯхтан ва фаро гирифтани арзишҳои ахлоқиву маънавии гузашта ва хотираи таърихии худ наметавонад рушду густариш ёбад. Ба такрор бошад ҳам, бори дигар таъкид мекунам, ки тоҷикон бо вуҷуди беадолатиҳои зиёди таърих аз рисолати инсондӯстӣ ва фарҳангпарварии худ ҳеҷ гоҳ даст набардоштаанд. Балки онҳо табиатан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдкор, нексиришту заҳматкаш ва порсову маърифатпарвар буда, аслан ба ягон андешаву ақидаи аслпарастиву инсонбадбинӣ, таассуби нажодиву зӯроварӣ ва фишори сиёсиву таъқиботи динӣ такя накардаанд.
Ниёгони мо яке аз куҳнатарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию идорот, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафӣ ба мерос гузоштаанд…».
Президенти мамлакат бо баёни чунин андешаи миллатсоз амалан шароитро барои бунёд ва таҳкими давлати миллӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ба вуҷуд овард. Андешаҳо ва раҳнамоиҳои Роҳбари давлат парвариши судманди ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар се асл воҷиб медонанд. Асли аввал ибратгирӣ аз таърихи пуршебу фароз, вале ифтихоромези гузашта, асли дувум забони куҳан ва пуриқтидори модарӣ ва ниҳоят, асли сеюм, сарнавишти чеҳраҳои баргузидаи таърихиву фарҳангӣ мебошанд.
Дар консепсияи созандагӣ ба масъалаи дарси таърих ва сабақгирӣ аз он диққат додани Сарвари давлат ҳадафи эҳё ва ҳифзи асолат ва ҳувияти таърихиву миллӣ дорад.
Сарвари давлат кӯшиши инсонро дар шинохти моҳияти ҳастии миллат ва ватан омили аслии бақои нангу номуси ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ медонанд. Дар матни таърихи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиёҷ ва эътиқод ба шинохти ҳувияти миллӣ ва фарҳангиро эътиқод ва эҳтиёҷи таърихан шаклгирифта чун омили эҳёгар, талоши инсон барои бақои ҳастии таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ маънидод мекунанд.
Воқеияти таърихи навини тоҷикон, тағйироти азими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавие, ки дар ҷаҳони муосир рух дода истодааст, масъалаи ҳушёрӣ ва худшиносии миллиро дар сатҳи нав ба миён мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳисси худшиносии ҳаммиллатони худро таҳрик бахшидан масъалаи биниши амиқи таърихиро, ки бар ҳадафи «чун ниёгонро меомӯзем, худро мешиносем» такя дорад, ба миён гузошта, дар ин замона чандин пажӯҳиши амиқи илмӣ анҷом доданд. Ҳамчунон ки академик Муҳаммадҷон Шакурӣ таъкид кардааст, дар таҳқиқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «бисёр масъалаҳои муҳими таърихи аҳди бостон ва даврони оли Сомон ҳамаҷониба баррасӣ шудаанд, таърихи тоҷикон бо назардошти таҷрибаи таърихии нав, ки дар давраи истиқлол ба даст омад, аз нигоҳи Пешво арзёбӣ гардид. Нигаристан аз дидгоҳи баланди давлатӣ имкон дод, ки моҳияти таърихии баъзе давраҳо бештар сазовор ба манфиатҳои миллии замони истиқлол маънидод шавад».
Раҳбари давлат дар таҳқиқоташон масъалаҳои бузурги барои тоҷикон тақдирсози рӯз, аз қабили муайян намудани роҳҳои инкишофи минбаъдаи миллат ва кишвар, шинохти ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои маънавиро ҷиддан тадқиқ карда, заминаи назариро барои тақвият бахшидан ба худшиносии миллии тоҷикон муҳайё намуданд. Дар ин замина Сарвари давлат зарур медонанд, ки барои шинохти манфиатҳои дарозмуддати миллат бояд, пеш аз ҳама, сарнавишти таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон омӯхта шавад. Дар заминаи воқеияти таърихии гузашта ва имрӯзаи ҳаёти тоҷикон ормонҳои (идеалҳои) иҷтимоӣ, фарҳангӣ, зебоишинохтӣ ва ахлоқии миллат, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, сареҳан муайян карда шаванд.
Ин равиш шароите ба вуҷуд оварда, ки худогоҳии миллат амиқтар равад, мардум бо огоҳӣ аз гузаштаи пурифтихори худ ба сӯи фардо қадам зананд. Барои он ки пояҳои худшиносии иҷтимоии таърихӣ, фарҳангиву маънавӣ, ахлоқӣ, фалсафиву динии тоҷикон бештар аз пештар устувор шаванд, Президенти Тоҷикистон бо ташаббус ва кӯшишҳои амалӣ заминаи илмӣ ва амалии фаъолият дар ин соҳаро ба вуҷуд оварданд.
Сарвари давлат нахуст диққати мутахассисон ва ҷомеаро ба омӯзиш ва фарогирии решаҳои фарҳанги давлатдории тоҷикон ҷалб намуда, дар ин замина ба шинохт ва арзёбии тоза ва ҳадафманди таърихи миллат муваффақ шуданд. Таҳқиқоти арзишманди «Тоҷикон дар ойинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» собит кард, ки асли таърихи ин миллатро «фаъолияти олии маънавӣ» (ифодаи К. Ясперс) ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина Роҳбари давлат ба сарчашмаҳои фаъолияти маънавии тоҷикон сар фурӯ бурда, нақш ва ҷойгоҳи миллатро дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ муайян менамоянд. Президенти Тоҷикистон саргаҳу сарчашмаҳои маънавияти олиро аз саҳифаҳои таърихи қадим ва ҷадиди тоҷикон ҷуста, онро ба хидмати муосирон мекашанд ва ба ин дастур заминаро барои ба асли худ баргаштан муҳайё месозанд.
Сарвари давлат яке аз шартҳои муҳими наҷоти миллатро эҳёи ормони миллӣ медонанд ва дар тамоми суханрониҳо ва таҳқиқоте, ки дар замони истиқлоли мамлакат таълиф намудаанд, эҳёи ормонҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, зебошинохтӣ, расму ойин ва дастурҳои ахлоқии гузаштагонро шарти аслии бақои ҳувияти миллию фарҳангӣ таъбир мекунанд.
Пешниҳоди таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён ифодагари решаҷӯии Президенти Тоҷикистон аз аслу насаб ва ба хизмати имрӯз кашидани арзишҳои фарҳангии гузаштагон мебошад. Бузургдошти ёди фархундаи таърихӣ ва фарҳангии Сомониён дар замони Истиқлолияти давлатӣ зинда кардани ҳофизаи таърихии миллат буд. Зеро маҳз Сомониён буданд, ки нахустин давлати мутамаркази тоҷиконро бунёд карданд. Асоси низоми давлатдорӣ, иқтисоду фарҳанг ва пешрафтро гузоштанд. Баргузории ин ҷашн имконе фароҳам овард, ки миллат бори дигар ҳастии собити таърихӣ ва фарҳангиашро ба ёд оварда, дар роҳи таҳкими арзишҳои миллии маънавӣ, рукнҳои давлатдории миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ваҳдати ҳамагонӣ ҷиддан талош кунад.
Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён давоми ду сол тадбирҳои муҳими фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки ҳадафи онҳо баҳрабардорӣ ва ибратгирӣ аз таърихи пурифтихори миллат буд. Ба воситаи чорабиниҳои ҷашнӣ, таҳия ва таълифи осори илмию бадеӣ, гузаронидани конфронсҳову симпозиумҳо доираҳои васеи мардум тавонистанд, ки ба асли миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву миллатсози Сомониён шинос шаванд ва барои эъмори давлати нави тоҷикон дар шароити нави таърихӣ аз гузашта ибрат гиранд.
Президенти мамлакат дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён дар суханрониашон «Давлатдории тоҷикон: аз Сомониён то оғози асри XXI», аз ҷумла нуктаи зеринро таъкид намуда буданд: «Маҳз Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд, забони модариро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро ҳифз намоянд. Насли имрӯз ва оянда вазифадор аст, ки ин анъанаи неки онҳоро идома диҳад».
Дар доираи тадбирҳои ин ҷашн дар шаҳру деҳоти мамлакат ба шарафи бузургдошти бунёдгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ нимпайкараву муҷассамаҳо гузошта шуданд. Аз ҷумла, ба ин муносибат дар пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе муҷтамаъи меъморӣ ва маҷассамаи ин марди бузурги таърихи тоҷикон гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихори бузург аз гузаштаи таърихи давлатдории тоҷикон чунин гуфтанд: «Бигзор муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва тамоми муҷтамаъи меъморӣ аз ҳамин рӯз то абад нишонаи сарбаландӣ, сулҳу оромӣ ва пешрафти Ватани ягонаи ҳамаи мо – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бошад» (Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат).
Дар ин равиш Сарвари давлат дастури таҷлили солрӯзи чеҳраҳои баргузидаи фарҳанги тоҷикро низ содир намуданд. Баъдтар бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 680-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 960-солагии Умари Хайём, 545-солагии Камолиддини Беҳзод ва дигар санаҳо ва маросими таърихию фарҳангӣ ҷашн гирифта шуданд, ки ҳадафи ин зинда кардани ҳофизаи таърихии мардум ва эҳёи суннатҳои волои фарҳангии гузаштагон буд.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи тафаккури маънавии миллӣ ва ба ин васила таъмини бақои ҷовидонаи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ бузург аст. Ин амали Президенти Тоҷикистон иқдоми ислоҳотхонҳона низ дошт ва тамоми соҳаҳои фаъолияти фардӣ ва ҷамъиятиро фаро мегирифт.
Ин ислоҳот ба зинда ва мавриди истифода қарор додани арзишҳои миллие марбут мешуд, ки бо гузашти замон ё фаромӯш шуда буданд ё низомҳои ғайримиллӣ сабаби маҳдуд кардан ё аз байн бурдани онҳо гардиданд. Бинобар ин ислоҳот ҳам эҳёи суннатҳо, арзишҳо ва ҳам ислоҳи тафаккури ҷомеаро дар заминаи шинохти моҳияти масъала ифода мекард, ки аз ҷониби ҷомеаи тоҷикон хуш ва бо ризоият пазируфта шуд.
Президенти Тоҷикистон дар суханрониҳо ва таълифоти сершуморашон аз ҳама пештар ба ислоҳи ҳавзаҳои маънавият, ислоҳи низоми омӯзишу парвариш ва барномаҳои мушаххаси он раҳнамоӣ намудаанд. Беш аз ин, ҳангоме ки мо дар бораи шахсияти огоҳи миллӣ сухан мегӯем, масъала марбут мешавад ба зеҳнияти миллӣ, андешаву афкор ва муҳтавои барномарезиҳои судманд. Пас ҳадафи тамоми иқдоми Сарвари давлат масъалаи ислоҳи тафаккури маънавии миллат аст, ки нахуст эҳтиёҷ ба эҳёгарӣ, сипас ба ислоҳ ва ниҳоят ба таҷдиди андеша ва ормони миллӣ дорад. Масалан, он бардоштҳо ва тасаввуроте, ки истеъморгарон (ҳадди ақал дар замони Шуравӣ) дар зеҳни афроди миллат дар мавриди шинохти асолати миллӣ ҷой карда буданд, ба поксозӣ ва ислоҳ ниёз дошт, аммо он тасаввуроте, ки дар зеҳни афроди миллат дар асари тафсир ва таълими нодурусти масъалаи миллӣ ба тақозои раъйи истеъморгарон (сиёсати Шуравӣ) давоми солҳо аз насл ба насл гузаштааст, зарурат пеш овард, ки ин афкор таҷдид гардад.
Роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат ва кӯшишҳои эҳёгаронаашон дидгоҳҳои ҳаммиллатони моро нисбат ба нақши рукнҳои ҳувияти миллӣ дар сарнавишти миллат ва афроди ҷудогона ба беҳӣ тағйир дод. Ин дидгоҳҳои тозаи давлатсозӣ ва халқпарварӣ нишон доданд, ки имкони билқувваи эҳё ва таҷдиди сарнавишти тозаи ӯ ҳамчунон таъсиргузор хоҳад монд.
Таҷриба, роҳу равиши таҷдидгарӣ ва ислоҳотгароёнае, ки Сарвари давлат дар роҳи эҳёи тафаккур ва ҳувияти миллӣ пеш гирифтанд, дар ин замони каҷдору марез, фузунхоҳию ифротгароӣ ва бадтар аз инҳо миллатситезӣ дар сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти хос дорад. Ин равишро метавон аз беҳтарин ва босамартарин усулҳои миллатсозӣ дар заминаи асолати маънавӣ ва фарҳангии тоҷикон донист, ки ба сарнавишти беш аз ҳазорсолаи таърихӣ ва фарҳангии миллат такя дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишон додани бедодгариҳои таърих дар ҳаққи тоҷикон дар такя ба асноди таърих чеҳраи маънавии миллатро дар мисоли суннатҳои пойдори таърихию фарҳангӣ ва чеҳраҳои таърихию миллӣ нишон доданд. Барои ба ҳадаф расидан таваҷҷуҳи бештаре ба ҳавзаҳои илмӣ, ҷалби донишмандон дар омӯзиши таърих ва зиёда аз ҳама ба мардум зоҳир намуданд. Ин пайки худшиносӣ ва худсозии миллӣ, ки поягузораш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, бо назардошти манфиатҳои таърихӣ, имрӯзӣ ва фаровардҳои баъдии ормонҳои миллӣ бесобиқа аст, зеро дар он манфиатҳои як миллат, як фарҳанг, як сарнавишт ба ҳам омад.
Президенти мамлакат тавонистанд ҳадафҳои дурнамои умумимиллиро (яъне мутмаъин сохтани ҳама афроди миллатро барои ҳадафи ягонаи миллӣ) вобаста ба ҳалли масъалаҳои равишӣ (тактикӣ), яъне нахуст бунёди пойгоҳи мустаҳками таҳқиқӣ бо назардошти манфиатҳои дурнамои миллӣ тарҳрезӣ намоянд. Он бедорӣ ва неруи милллатсоз, ки ҳатто дар пурфоҷеатарин лаҳзаҳои таърихи миллат- ҷанги ҳамватанӣ омили ваҳдатсоз омад, имрӯз дидгоҳҳои ҳамватанонро дар шинохти асолати таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон тақвият бахшид, яъне миллатро ба ояндааш дилгарм ва хушбин сохт.
Роҳбари давлат тавонистанд дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ дар такя ба сарнавишти фарҳангии миллат тафаккур ва андешаи ҳаммиллатони моро дар шинохти ҳувияти миллӣ тағйр диҳад ва ба сӯи худшиносии комил раҳнамун созад; тадбирҳои муҳими фарҳангӣ шароит муҳайё сохтанд, ки афкори иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии гузаштагон, ки бунмояи ҳувиятшиносӣ доранд, бо назардошти замон дастраси мардум шавад ва ба маънавиёти онҳо таъсир гузоранд: бузургдошти чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ ба омили бедории миллӣ ва раҳоӣ аз карахтии миллӣ табдил шуд; мардум итминон пайдо кард, ки неруи адабу фарҳанги гузашта ҳанӯз барои бақо ва эҳёи миллат кофист; таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба гузашта, ба сарнавишти фарҳангии миллат ин гузаштапарастии маҳз нест, балки талоши заминасозӣ барои дастёбӣ ба шинохти комили миллат, рушди бебозгашти маънавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми сарзаминест, ки исми ҷуғрофияш Тоҷикистон аст.
Ҳамин тариқ, агар самтҳои асосии дидгоҳҳои назарӣ ва амалии Роҳбари давлатро дар заминаи таълифот ва роҳнамоиҳояшон оид ба масъалаи ислоҳ, эҳё ва таҷдиди тафаккури миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ таъйин кардан хоҳем, он ба ин шакл аст:
Ислоҳоти амудии тафаккури миллӣ
— Бояд тамоми мероси адабӣ ва фарҳангии гузашта, осори таърихӣ ва бадеӣ нашр ва аз назари манфиатҳои миллӣ таҳқиқ ва тафсир шаванд. Мухотаби ин осор насли имрӯз ва фардои тоҷикон буда, бунмояҳои миллии он дар шинохти гузашта ва навсозии оянда коршоям хоҳад монд.
— Ояндасозӣ ва инсонсозии ин мероси фарҳангӣ дар шинохт ва тафсири ҳувияти фарҳангии миллат ба кор гирифта шавад. Дар ин тафсир ва арзёбӣ арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва имонии хоси миллати мо ба мақсади эҳё ва таҷдиди ҳувияти фарҳангӣ бознигарӣ шаванд.
— Бо ба кор гирифтани сират ва сурати чеҳраҳои таърихию фарҳангӣ ҳисси офарандагии наврасону ҷавононро таҳрик бахшида, роҳро барои зуҳури истеъдодҳои тоза ҳамвор бояд кард.
Ислоҳоти уфуқии тафаккури миллӣ
— Дар заминаи унсурҳои ҳувиятсози фарҳанги миллӣ омилҳои харобиовари ҷаҳони имрӯзро бо таълифи асолати маънавии тоҷикон нишон додан;
— Даст кашидан аз нашр ва тафсири осори адабие, ки ояндасоз нест;
— Ислоҳи куллии маънавият дар заминаи осори таълимии гузаштагон;
— Омӯзиши осори гузаштагонро бо назардошти манфиатҳои тамоми мардуми тоҷик ба роҳ мондан.
Дар замони босуръати ҷаҳонишавӣ ва нуфузи бештари абарқудратҳо аз ҳарвақта бештар миллати моро зарур аст сарҷамъ ва иттиҳод бошем, дар заминаи ҳофизаи таърихии миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ насли ҷавонро тарбият намоем, худогоҳу худшинос ва ғурури баланди миллӣ дошта бошем.
Мо дар заминаи осори Сарвари давлат андешаҳо ва роҳнамоиҳояшонро дар боби эҳё ва таҷдиди ҳувияти миллӣ ва фарҳангии тоҷикон ташхис дода, афзуданием, ки иҷрои фармудаҳои Пешвои миллат дар роҳи шинохт ва зинда доштани миллат ва афзудани умед ба ояндаи шукуфо вазифаи ҳар фардест, ки Тоҷикистон барояш азиз аст.
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ








АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли пудина барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Тоҷикистони муосир ва давлатдории навин
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд






