Дар Кӯлоб Пленуми чоруми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ин минтақа баргузор шуд

Октябрь 29, 2022 09:54

КӮЛОБ,  29.10.2022  /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Пленуми чоруми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб (ШСҶМ) баргузор шуд, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА дар Шӯрои мазкур.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Саймурод Исмоилзода ба ҳозирин рӯзномаи Пленумро шинос намуд.  Дар Пленуми навбатӣ 6 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Саймурод Исмоилзода доир ба 2 масъалаи аввал- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб ва ҷашни 35-солагии ШСҶМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, таклифу пешниҳодоти аъзоро ироа намуд.

Зикр шуд, ки  Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 марти соли 1987 бо қарори Конференсияи якуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶШС Тоҷикистон, ки дар кори он аз 614 вакили интихобшуда 581 нафарашон иштирок намуда буданд, таъсис ёфтааст. Давоми 35 соли фаъолияти босамари худ шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, дар амал татбиқ намудани сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, имрӯз низ ба корҳои ободонӣ машғуланд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Давлат Амиров доир ба ҳамкории Шӯро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароити манзил, хизматрасонии маишӣ, тиббӣ, истироҳат, сари вақт додани нафақа ва дигар имтиёзҳо ба собиқадорон ҷангу меҳнат гузориш дод.  Мавсуф афзуд, ки «самти фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати  шаҳри Кӯлоб ба яке аз масъалаҳои дигари мубрами рӯз – тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дӯстии халқҳо, садоқат ба Ватан, ҳурмату эҳтироми калонсолон, муносибати бошуурона ба меҳнат, таълим, хизмати ҳарбӣ ва ҳамеша омода будан ба муҳофизати Ватан нигаронида шудааст.

Дар ҷаласа оид ба тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб, омодагӣ ба 80 – солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, солҳои 1941 -1945 ва тасдиқи нақшаи кории ШСҶМ-и минтақаи Кӯлоб гузориш дода шуд.

Дар ҷамъбасти Пленум як зумра собиқадорон ва раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб

Октябрь 29, 2022 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд