Дар Куала Лумпур Намоишгоҳи байналмилалии «Selangor International Expo-2022» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия Намоишгоҳи байналмилалии «Selangor International Expo-2022» доир ба маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардид. Дар он бо мусоидати Палатаи савдо ва саноат ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ғурфаи намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва ба содирот нигаронида шудаанд, ташкил карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, дар Намоишгоҳи байналмилалии «Selangor International Expo-2022» намунаҳо ва наворҳои истеҳсоли маҳсулот, бахусус ширкатҳои миллии хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои «Сиёма», «Оби Зулол», «Евро Азия 2005», «Баракат Исфара», «Исфарафуд», «Азизӣ», «Темуриён» «Витаминҳои Тоҷикистон», «Ширин» ва намунаҳои асали табиӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Намоишгоҳи мазкур барномаи тиҷоратӣ барои пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои хориҷӣ, бахусус дар Малайзия ва рушди иқтидори содиротӣ, боз кардани бозорҳои нави маҳсулот, тавсеаи ҳамкории ширкатҳои Тоҷикистону Малайзия, инчунин ҷалби сармоя мебошад.
Тибқи иттилои созмондиҳандагони Намоишгоҳи байналмилалии «Selangor International Expo-2022», намоишгоҳ то 9 октябр идома ёфт ва дар он 500 ширкат иштирок намуданд.
Акс: ПСС ҶТ









«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд






