Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт

Октябрь 22, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Мусаввири таърихнигор» намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ гардид, ки он то моҳи ноябр идома меёбад. Ҳамзамон дар намоиш зиёда аз 30 асари қаламкашӣ (графика)-и Ашур Ҳайдаров манзур гардидаанд. Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар доираи намоиш китоби тозанашр оид ба ҳаёту эҷодиёти рассом бо номи «Ашур Ҳайдаров: мусаввараҳо, лаҳзаҳо аз ҳаёт, ёддоштҳо» муаррифӣ шуд.

Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 38 асари Ашур Ҳайдаров ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд. Дар асарҳои офаридаи рассом табиати зебои диёр, симои шахсиятҳои маъруфи таърихи халқи тоҷик, аз қабили Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Мирзо Ризо, Раҳим Ҳошим, ҳаёти рӯзмарраи меҳнаткашон, ҳунармандон, занон ва табиати Тоҷикистон тасвир шудаанд.

Мусаввараҳои офаридаи ў бо номҳои «Рӯдакӣ дар байни ҳамдиёрон», «Шоир Абдураҳмони Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохӯрии Абӯ Алӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Регистони Самарқанд», «Симои Арӯс», «Озодшавӣ аз зиндон», «Фаранҷипартоӣ», «Афтодани Аморат», «Мумфарш намудани роҳ» ва бархеи дигар ба қатори шоҳкориҳои ҳунари тасвирии муосири тоҷик дохил шудаанд. Зеро наққоши чирадаст кӯшиш кардааст бо тобиш ва таносуби рангҳо табиати зебои диёр ва олами ботинии қаҳрамонҳои асарҳояшро ифода намояд.

Ашур Ҳайдаров 14 июли соли 1916 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Солҳои 1934-1938 дар омӯзишгоҳи рассомии Самарқанд дар ихтисоси муаллими расмкашӣ таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945) буда, соли 1955 ба шаҳри Душанбе омада, ба сифати рассом дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият намудааст. Соли 1956 рассоми фонди бадеии Тоҷикистон ва иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъат дар шаҳри Москва гардид. Аз соли 1958 узви Иттифоқи рассомони ИҶШС буда, соли 1990 ба гирифтани унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1991 унвони фахрии «Рассоми халқии Тоҷикистон» мушарраф гардид. Рассом 21 майи соли 1998 дар шаҳри Душанбе вафот намудааст.

Дар ифтитоҳи намоиш ва муаррифии китоб намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон, духтари Ашур Ҳайдаров – Мавлуда Ҳайдарова ва дигар ҳаводорони санъату фарҳанг иштирок намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд