Дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ва уҳдадориҳои ҷомеа оид ба ваксина тарғиб мегарданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 октябр то 10 ноябр аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат машғулияти омӯзишӣ миёни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва роҳҳои беҳтар кардани уҳдадориҳои ҷомеа оид ба ваксина ба роҳ монда шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим иттилоъ доданд, машғулияти омӯзишӣ дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2022 аз ҷониби Маркази мазкур ва бо дастгирии Лоиҳаи USAID оид ба устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Ташаббуси мубориза бар зидди бемории COVID-19 гузаронида мешавад.
Чунин машғулияти омӯзишӣ 27 октябр дар шаҳри Бохтар миёни 35 нафар рӯзноманигорон аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Дар ин давраи омӯзишӣ роҳҳои беҳтар инъикос намудани пешгирии бемориҳои фарогир ва дигар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ба намояндагони ВАО-и Хатлон фаҳмонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин давраҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим