Дар вилояти Хатлон беш аз 17 ҳазор нафар занони соҳибкор фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон беш аз 17 ҳазор нафар занони соҳибкор фаъолият доранд, ки дар феҳристи мақомоти андози вилоят сабти ном гардидаанд. Аз ин шумора 12 ҳазору 425 нафарашон бо шаҳодатнома ва 5116 нафар тибқи патент кор мекунанд.Дар ин бора зимни Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот, ки 21-22 октябр дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре дар шуъбаи иттилотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Фестивали мазкур бонувони соҳибкор ва ҳунармандони деҳот лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва намунаҳои ҳунари худро пешниҳод карда, бо ҳамкасбони худ табодули таҷриба намуданд.
Гуфта шуд, ки зимни ифтитоҳи фестивал ғолибони озмуни «Зани муваффақ» ва барандагони грантҳои Раиси вилояти Хатлон дар соли 2022 барои бонувони соҳибкор эълон гардид.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода иброз намуд, ки шумораи занон дар вилоят 1 миллиону 757 ҳазору 968 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 37 ҳазору 968 нафар зиёд мебошад.
Тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025», гранти Раиси вилоят ба маблағи умумии 250 ҳазор сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба 21 нафар занону бонувони ҳунарманду соҳибкор дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






