Дар вилояти Суғд иштирокчиёни иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аёдат карда шуданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шахсиятҳои барӯманд, хизматчиёни давлатии собиқадор, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аёдат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатов, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Лоиқ Ӯрунзода иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва собиқ вакили вилоятӣ, узви комиссия оид ба таъсиси вилояти Ленинобод, котиби кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Ленинобод Баҳриддин Аҳмадовро аёдат намуданд.
Ҳайати роҳбарият аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Баҳриддин Аҳмадов табрик гуфтанд.
Зимни суҳбати самимӣ зикр шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷумҳуриро равшан намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу суботи воқеӣ расида, имрӯз дар қатори 10 мамлакати амнтарини дунё ҷойгир шудааст.
Дар навбати худ собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Баҳриддин Аҳмадов Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро неъмати бузург арзёбӣ карда, аз ҷонфидоиҳои Президенти мамлакат ёдовар шуданд.
Чунин иқдом аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ амалӣ карда мешавад.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






