Доир ба афзалияти логистика дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа конфронси байналмилалӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа»-таҳти чунин унвон 18-19 октябр Душанбе мизбони конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ буда, дар он намояндагони сохторҳои соҳаи нақлиёту роҳ аз кишварҳои хориҷи дуру наздик, инчунин мутахассисону коршиносони соҳаи роҳу нақлиёти ватанӣ иштирок намоянд.
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика — дастовардҳои илмӣ ва амалии фаъолияти логистика, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти ташкил ва рушди техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои нақлиётию логистикӣ, саҳми бонувон дар логистика, воқеият, назар ба оянда ва имконияти захираи кадрии соҳа баррасӣ мегарданд.
Интизор меравад, ки дар доираи конфронс истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTfarD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» роҳандозӣ шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






