Доир ба афзалияти логистика дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа конфронси байналмилалӣ доир мешавад

Октябрь 7, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа»-таҳти чунин унвон  18-19 октябр Душанбе  мизбони конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ буда, дар он намояндагони сохторҳои соҳаи нақлиёту роҳ аз кишварҳои хориҷи дуру наздик, инчунин мутахассисону  коршиносони  соҳаи роҳу нақлиёти ватанӣ  иштирок намоянд.

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика —  дастовардҳои  илмӣ ва амалии фаъолияти логистика, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти  ташкил ва рушди техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои  нақлиётию логистикӣ, саҳми бонувон дар логистика, воқеият, назар ба оянда  ва имконияти захираи кадрии соҳа баррасӣ мегарданд.

Интизор меравад, ки дар доираи конфронс истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTfarD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» роҳандозӣ шавад.

                АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 7, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд