Доир ба вазъ ва дурнамои татбиқи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази мазкур.
«Ҳукумати электронӣ низомест, ки барои роҳандозии муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд», -иброз дошт Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар ҳамоиш.
Зикр гардид, ки афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, он дар умум, низоми мукаммали муоширату коргузории муносиби муосирро ба миён меоварад.
Хайриддин Усмонзода афзуд, ки муҳимтарин нақши «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон» дар он ифода меёбад, ки санади мазкур дар назди мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот вазифа мегузорад, то таъмини иттилооти электрониро ба роҳ монанд. «Таъсис додани сомонаҳои ҳукуматии ҳамаи вазорату идораҳои кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки дар оянда дар шакли портали ҳукуматии иттилоотӣ–ахбории ягонаи ҳукумат муттаҳид мешаванд, рушди сомонаҳои интернетии идоравӣ, ки пурра ва сари вақт ҷойгирнамоии маълумоти дахлдорро дар онҳо таъмин мекунанд, вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Аммо дар самти татбиқи ин мақсад мушкилоти муайян ҷой дорад. Яке аз чунин мушкилот дар самти иттилоотонӣ- ин ҳанӯз коркард нашудани додаҳо ё маълумоти кушода мебошад. Ба гуфти масъулини соҳа, дар Тоҷикистон ҳанӯз заминаи фаровони маълумоте, ки дастрасии омма ба онҳо имкон дорад, ҳамчун хазина маҳфуз аст. Ин маълумот ҳанӯз ҳам дастраси омма нагаштаанд, зеро коркард ва пешниҳоди онҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст»,-изҳор дошт Х. Усмонзода.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
АКС: Маркази матбуоти МТС








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






