ИМРӮЗ -РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Ҳадафи он нишон додани рафтори дуруст ҳангоми рух додани ҳодисаҳои фавқулода аст

Октябрь 13, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари офатҳои табиӣ бориши барфу борони зиёд, фаромадани тармараъду барқ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва омадани сел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти калони моддӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла,  дар нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави мамлакат 623 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ, ки 43 ҳолати он ба иқтисодиёти давлат зарар расонид, рух доданд. Чунин иттилоъ дод сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умеда ЮСУФӢ дар суҳбат бо  хабарнигори  АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, ки  ҳамасола 13 октябр дар саросари ҷаҳон  таҷлил мегардад.

Мавсуф тазаккур дод, ки дар ин давра 448 ҳодисаи тармафароӣ, 71 ҳодисаи селфароӣ, 36 ҳодисаи сангрезӣ, 16 ҳодисаи бориши зиёди борон, 16 ҳодисаи заминҷунбӣ, 11 ҳодисаи шамоли сахт, 7 ҳодисаи ярчфароӣ, 13 ҳодисаи баландшавии сатҳи об,  3 ҳодисаи раъду барқ, 1 ҳодисаи хунукии сахт ва 1 ҳодисаи бориши барфи зиёд ба қайд гирифта шудааст.

«Дар ин давра бар асари фаромадани тарма, сел ва сангреза 8 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расид. Маблағи умумии зарари расида 17 млн 119 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад»,-гуфт Умеда Юсуфӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷиҳати рушди соҳаи мазкур ва беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар асоси қарори Ассамблеяи генералии СММ аз соли 1989 инҷониб ҳамасола 13 октябр дар саросари ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ таҷлил мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ин рӯз таҷлил мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ин рӯз- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва рафтори дуруст ҳангоми рух додани онҳо мебошад.


Тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд  чорабиниҳо, ҳамоиш, вохӯриҳо, барномаҳои телевизионӣ, радиовикторинаҳо, тренингҳо ва ғайра доир карда  мешаванд.

Чорабиниҳо бо вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳанӯз аз моҳи сентябр оғоз гардида буданд ва ҳоло идома доранд.

Офатҳои табиӣ хавфу хатари бузургтарин барои рушди кишвар ва минтақа маҳсуб шуда, аҳолӣ бояд барои вокуниши дуруст ва саривақтӣ ба онҳо омода бошад. Инчунин ҳар нафар бояд дар коҳиш додани хисороти ҷонӣ саҳм гузорад, зеро маълумотнокии саривақтӣ метавонад садди роҳи чунин қурбониҳо гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кишвар дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Барномаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар» 

АКС: КҲФ ва МГ

Октябрь 13, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд