«ИН ҚАДАР ШИРИНУ ДИЛБАНД АСТ ОН…». Забони давлатӣ симо ва пайкари миллат мебошад
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онро бояд барои омӯзиши илму дониш, суханварию хушгуфторӣ, тарғиби ахлоқи нек, коргузории расмӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ва берун аз он истифода намуд. Зеро забони модарии мо симо ва пайкари миллати мост. Чунин иброз дошт мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Муслима Броимшоева ба АМИТ «Ховар».
Мавсуф тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ва бойтарини дунё мебошад, ки роҳи ниҳоят мураккаб ва пурпечутоби рушдро тай намудааст. Он аз забони махсус, ки дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон паҳн шуда буд, маншаъ мегирад. Аз таърихи тӯлонии забони тоҷикӣ осори гаронбаҳои шоирон Ҳанзалаи Бодғисӣ, Абулабоси Марвазӣ, Абушакури Балхӣ, Дақиқию Кисоӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ ва дигарон шаҳодат медиҳанд.
Ҳанӯз дар асрҳои VII-VIII забони тоҷикӣ чун забони назм истифода гардида, бо равонию бой будани луғаташ машҳур гардида буд. Ҳатто яке аз аввалин шоирони тоҷик Абуҳафзи Суғдии Самарқандӣ дар асри VIII шеъри равонеро бо ин забони шево эҷод намуд, ки калимаҳояш равшану фаҳмо мебошанд:
Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо.
Ин забон дар ҳамаи давраҳои тараққиёт ва ҷангу хунрезиҳо асолати хешро гум накарда, то замони мо боқӣ мондааст. Ҳатто давоми ҷангҳо ва ҳуҷуми аҷнабиён хароб нагардида, балки аз ҷиҳати лексикӣ бойтар гардид. Бузургии забони тоҷикӣ дар осори гаронбаҳои бузургони миллат, шоирону нависандагон борҳо мавриди таърифу ситоиш қарор гирифтааст. Онҳо забонро манбаи панду насиҳат, ахлоқу маърифат мешумурданд.
Шоире ширинии забони тоҷикиро ба себи Самарқанд ташбеҳ дода мефармояд:
Лафз ё худ манбаи панд аст он,
Ё ки худ себи Самарқанд аст он,
Ё ба шухӣ зодаи дарёст он,
Ин қадар ширину дилбанд аст он.
Имрӯз забони муосири тоҷик дар роҳи тараққиёти таърихии худ мамониати зиёдеро барҳам зада, вобаста ба пешрафти ҷамъият ҳамчун забони давлатӣ ташаккул ёфтааст. Аз тарафи давлат ва Ҳукумат, бавижа аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони давлатӣ эҳтироми махсус зоҳир мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон забонро симо ва пайкари миллат дониста, зебо ва тавоно нигоҳ доштани онро таъкид карда буданд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд ҳамеша тавоно бошад».
Тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз мо – соҳибзабонон масъулияти зиёд талаб мекунад, чунки бо ин забон абармардону забардастони риштаи сухан- Рӯдакию Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон осори оламшумули хешро офаридаанд. Омӯхтану донистани забони модарӣ барои ҳар шахс шарт ва зарур аст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарии худро омӯхтан ва ҳифз намудан чунин иброз доштаанд: «Ҳар фарди тоҷикро зарур аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад».
Аз рӯи гуфтаҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост».
Пас имрӯз бояд ҳар шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон барои тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саъю кӯшиш намояд. Ҳангоми навиштани лавҳаю овезаҳои мағозаву корхонаҳо ва дигар иншоот бояд диққатро ба он равона сохт, ки онҳо бехато бошанд, зеро навиштаҷоти ғалат саводнокии аҳли ҷомеаро зери суол мегузорад.
Фарде, ки забони модариашро дуруст намедонад, ҳаргиз дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ муваффақ намешавад. Чунонки Саъдии Шерозӣ мегӯяд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
Акс: Донишгоҳи давлатии Хоруғ








Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд






