«КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИББИИ АВРУОСИЁ». Тоҷикистон бори аввал мизбони он гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» якумин «Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои Авруосиё» бахшида ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаҳои ҷарроҳӣ, гастроэнтерология, мадҳушкунӣ-эҳёгардонӣ, радиология, бемориҳои занона ва дил баргузор гардид. Кори конгресс пагоҳ, 22 октябр низ идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пеш аз оғози конгресси мазкур намоишгоҳи муассисаҳои зерсохтори вазорат, ширкатҳои ватанӣ, ки ба истеҳсоли маводи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ машғуланд, доир гардид. Инчунин то оғози ҳамоиш ба таври мустақим ҷарроҳиҳои нодир бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ анҷом дода шуданд. Чароҳии мазкур бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, ки яке аз усулҳои муосири ҷарроҳиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, гузаронида шуданд.
Сипас, конгресси мазкур дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла баргузории семинарҳо ва мастер-классҳо оид ба ҷарроҳӣ, эндоскопия, радиология, ултрасонография, онкология, гастроэнтрология бо иштироки табибони варзидаи хориҷӣ ва ватанӣ идома ёфт.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






