«МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…». Пагоҳ дар Душанбе ин иди бостонии тоҷикон таҷлил мешавад

Октябрь 14, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиши маҳсулот  ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал  бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода.

Дар ҷашнгоҳ  деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тару тозаи  кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро  бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат   хӯрокҳои миллӣ  омода шуда, ҳунармандони  мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз кишоварзони фаъоли  мамлакат, ки соли равон  нишондиҳандаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд,  бо  туҳфаҳои молию пулӣ ва «Диплом»-у «Ифтихорнома»-ҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар ин ҷашн  намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, он  мисли  ҷашнҳои таърихии  Наврӯз,  Сада,  Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод  маҳсуб мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:  «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».

Дар ҷашни Меҳргон мардум либоси нав ба бар намуда, шодию хурсандӣ менамоянд. Инчунин аз ин ҳама неъмате, ки марди деҳқон бо ранҷ  мепарвараду амнияти озуқавориро таъмин мекунад, шукр мекунанд.

Султонмуроди Одина, ки муаллифи асарҳои зиёди адабӣ, таърихӣ ва публитсистист, оид ба Меҳргон бо меҳр чунин гуфтааст:

Меҳргон омад, азизон, меҳрубониҳо кунед,
Васфи деҳқонро суруда, шеърхониҳо кунед.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 14, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид