Намояндагони Тоҷикистон бо ҷараёни амалишавии раванди ғанисозии орди гандумӣ дар Узбекистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли орд ва бахши хусусӣ зимни сафари чаҳоррӯзаи омӯзишӣ ба Узбекистон бо ҷараёни амалишавии раванди ғанисозии орди гандумӣ шинос гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ.
Ин сафар аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии /БОҶ/ Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ иштирокчиён вобаста ба заминаҳои ҳуқуқӣ, таҷриба, дастовардҳои корхонаҳои истеҳсоли орд оид ба ғанигардонии орди гандумӣ дар Узбекистон, хариди микроэлементҳо ва дастгирии корхонаҳои истеҳсоли орд маълумот гирифтанд. Узбекистон дар самти ғанигардонии ғизо бо минералҳо ва витаминҳо, аз ҷумла ордигандумӣ таҷрибаи назаррас дорад.
«Ин иқдом ба мо имкон медиҳад, ки бо дастовардҳо, асосҳои дастурӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ғанисозии орди гандумӣ дар Узбекистон шинос гардем. Ин сафар татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ва «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он миёни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро тақвият хоҳад дод, гуфт намоянда ва директори БОҶ-и СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам.
Ба таъкиди ӯ, БОҶ уҳдадор аст, ки ба ҳукумат, бахши хусусӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ғанигардонии орди гандумӣ дар Тоҷикистон кумаки техникӣ расонад.
Ғанигардонӣ яке аз воситаҳои камхарҷи мубориза бо норасоии микроэлементҳо мебошад, ки масъалаи ҳалаталаби тандурустӣ дар ҷомеа, бахусус миёни занону кӯдакон дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Норасоии ғизоӣ метавонад ба авҷи бемориҳои гуногуни ба ғизо алоқаманд оварда расонад. Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи норасоии ғизоӣ якчанд стратегия ва барномаҳои давлативу соҳавиро қабул намуда, таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои солҳои 2016-2030 муайян намудааст.


БОҶ ягона ташкилотест, ки ба кишвар ғизои ғанигардонидашуда, аз ҷумла орди ғанигардонидашуда ва равғани растанӣ дастрас менамояд. Тавассути Барномаи миллии ғизои мактабӣ тақрибан 450,000 хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар 2000 мактаб ҳамарӯза хӯроки гарми бо анвои серғизо омодашуда истеъмол менамоянд.
АКС:Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






