Ҷоизаи Нобелро дар соҳаи адабиёт адиби фаронсавӣ Анни Эрно соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи Нобел дар соли 2022 дар бахши адабиёт ба нависандаи фаронсавӣ Анни Эрно барои «ҷасорат ва борикбинӣ, ки бо он манбаъ, ҷудоӣ ва чаҳорчӯби дастҷамъонаи хотираи шахсиро ошкор мекунад», дода шуд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Twitter-и ҷоиза гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар сомонаи ҷоиза иттилоъ дода мешавад, ки дар фаъолияти эҷодӣ Энни Эрно пайвастаю ҳамаҷониба ҳаётро бо тамоми паҳлуҳои зуҳуроти мухталифаш таҳқиқ менамояд. Дар баробари ин таъкид мешавад, ки осори нависанда оштинопазир буда, бо забони сода навишта шудааст.
Шуҳрати байналмилалӣ ва бисёр пайравону шогирдонро ба Эрно романи «Солҳо» ҳадя намуд, ки онро «аввалин асари тарҷумаҳолии гурӯҳӣ» номиданд. Шоири немис Дурс Грюнбайн ин асарро «эпопеяи (воқеаномаи) иҷтимоӣ»-и навоваронаи ҷаҳони муосири Ғарб ҳисобид. Дар маҷмӯъ, дар кӯлвори нависанда зиёда аз 20 асар дида мешавад.
Миёни солҳои 1901 ва 2021 дар бахши адабиёт 114 ҷоизаи Нобел дода шудааст. Ҷавонтарин барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1907 Рудярд Киплинги 41-сола буд, ки ба шарофати «Китоби ҷангал» машҳури ҷаҳон гардид. Куҳансолтарин барандаи ҷоиза дар ин соҳа дар соли 2007 Дорис Лессинг буд, ки вай дар синни 88 бо он сарфароз шуд.
Маросими супоридани ҷоизаи Нобел дар соли 2022 10 декабр, дар рӯзи марги Нобел баргузор мешавад. Қисмати пулӣ дар ҳар номина 10 миллион кронро ташкил хоҳад дод, ки бо қурби кунунӣ тақрибан ба 915 000 доллар баробар аст.
ДАР АКС: Анни Эрно. Акси nobelprize.org








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






