Олимҷон Муҳаммадҷонзода : Таъсиси нахустин маҷаллаи «Забон ва истилоҳот» дар рушду густариши забони давлатӣ саҳм мегузорад
ДУШАНБЕ, 05.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва истилоҳот» нахустин шумораи маҷаллаи илмӣ-оммавӣ аз чоп баромад, иттилоъ доданд дар Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар»/.
Ба зикри Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода , аз шумораи нахустин сар карда, мақолаҳои илмии олимону пажуҳишгарони ватаниву хориҷӣ ва унвонҷӯён доир ба мавзӯъҳои мубрами масъалаҳои забоншиносии тоҷикӣ, назарияи забон, истилоҳсозӣ, номгузорӣ, имло ва дигар масоили марбут ба рушду густариши забони давлатӣ интишор меёбанд.
«Таъсиси маҷаллаи илмию оммавӣ дар доираи иҷрои банди 49-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ шудааст, ҷиҳати муҳимтарин дастовардҳои забон хизмат карда, дар рушди забони тоҷикӣ саҳми назаррас мегузорад. Зеро забон қисми ҷудонопазири таркибии ҳама гуна фарҳанги миллӣ буда, шиносоии пурра бо он ҳатман на танҳо омӯзиши таърихи моддӣ, таърих, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва ғайра, балки кӯшиши дарки тарзи тафаккури миллат ва бо чашмони соҳибони фарҳанги мазкур дидани оламро дар назар дорад»,-иброз дошт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.
Ба зикри мавсуф, истиқлолияти давлатӣ барои тавсеа ва корбурди забони тоҷикӣ имкони мусоид фароҳам сохт. Забон ҳамзамон бо миллат пайдо шуда, натиҷаи эҷоди он воситаи тафаккури вижаи миллӣ мебошад. Асосгузори назарияи забоншиносӣ В. Гумболд дуруст мефармояд, ки «забон нафас ва рӯҳи миллат аст».
«Ҳамин хусусияти забонро дар назар дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Забони миллӣ шаклест, ки дар худ арзишҳои маънавиро ҳифз карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол медиҳад ва онҳоро халқ дар таърих ба вуҷуд овардааст. Миллате, ки забони модариашро ҳифз намекунад, ба он арҷ намегузорад, оянда надорад, зеро он маҳз ҳамон ченаки абадиву устуворест, ки бе он ягон дастоварди илмӣ ва маърифативу иттилоотӣ ғайриимкон аст»,- изҳор медорад Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Ба гуфтаи Раиси Кумита, нахустин дастоварди замони Истиқлолияти давлатиро ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллат ва халқият эътироф шудани забони тоҷикӣ мешиносем, ки тавассути он мо забони тоҷикиро олитарин муқаддасоти миллӣ медонем.
«Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади муҳим ва саҳифаи нав дар рушди забони давлатӣ мебошад. Қонуни мазкур комилан бо Конститутсияи кишвар созгор буда, ба таъмини озодиҳои асосии инсон марбут аст, ки дастгирии на танҳо забони миллати асосии кишвар, балки рушду такомул ва амали забонҳои миллатҳои дигари сокинони кишварро кафолат медиҳад»,-таъкид намуд ӯ.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба густариши амали забони тоҷикӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, онро аз муҳити хонавода берун баровард ва ба таври воқеиву иҷтимоӣ мавриди истифодаи умум қарор дод.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот иброз дошт, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин рӯ, бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд, ки мардуми кишварро дар роҳи ватандӯстиву ифтихори миллӣ илҳом мебахшад.
Мавқеи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарпарастии забони давлатӣ ва роҳнамоӣ дар рушду густариши он, пеш аз ҳама, дар таълифоташон возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» (иборат аз 2 ҷилд) таҳлили бунёдии масъалаҳои марбут ба забон, таърих ва фарҳанги тоҷик, ҳастӣ ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он сухани наву тозае дар забоншиносии тоҷик, татбиқи сиёсати забон ва рушду устувории ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ба гузориши масоили мубрами таърихи забон, ҷанбаҳои печидаи сиёсати забонӣ дар даврони истиқлолият ва муайян намудани ояндаи инкишофу тараққии забон ва фарҳанги миллии тоҷик бахшида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 5 октябр дар мамлакат Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин сана аз 5 октябри соли 2009 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маншаъ мегирад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






