Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2022» эълон гардид

Октябрь 7, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 07.10.2022  /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни навбатии бонуфузи «Бренди сол — 2022»-ро таҳти унвони «ҚУЛЛАИ ШАРАФ» эълон менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.

Бренд – эътироф аз ҷониби истеъмолкунанда, рақобатнокӣ ва кафолати сифат мебошад. Натиҷаҳои озмун бо иштироки соҳибкорон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ватанӣ охири соли равон ҷамъбаст карда мешаванд.

Дархост барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.  Иштирок дар озмун ройгон мебошад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

 

Октябрь 7, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд