Президенти Тоҷикистон бори дигар аз мардум даъват намуданд, ки ба масъалаи захираи маҳсулоти озуқаворӣ бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд

Октябрь 15, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 15.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки Меҳргонро бо тамоми расму одатҳои неки он аз нав зинда гардонем. Чунин иброз намудаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати ҷашни Меҳргон.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ оварда,  ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад.

Меҳргон чун дигар ойинҳои тоҷикон, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон мебошад.

Дар робита ба ин Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки бо сабаби вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мушоҳида мегардад.

«Дар чунин шароити вазнин, ки инсоният дар 80 – 100 соли таърихи худ ба он рӯ ба рӯ омадааст, мо бояд беш аз ҳар вақти дигар кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол ва захира намоем»,-таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, яъне истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад.

Бинобар ин, роҳбарону мутахассисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, гирифтани се – чор ҳосил ва захираи маҳсулоти озуқаворӣ бисёр муносибати ҷиддӣ намоянд.

«Корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки мардумамон дар фасли зимистон ба камбудиву танқисӣ рӯ ба рӯ нашаванд ва муҳтоҷӣ накашанд»,-гуфтанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд