Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия дар шаҳрҳои Москва ва Уфа баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 ва 26 октябр дар шаҳрҳои Москва ва Уфа Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия доир мегарданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.
24 октябр, соати 19:00 дар Театри давлатии академии Малии Москва консерти калони устодони санъати Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, сарояндаҳои маъруфи эстрадӣ Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Нигина Амонқулова, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов, Олимҷон Солизода ва дигарон баромад мекунанд.
Дар ин рӯзҳо ансамблҳои машҳури рақсии «Гулрез» ва «Зебо» низ ҳунари худро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд. Инчунин дар театр намоиши санъати амалии ҳунармандони халқӣ кушода мешавад, ки дар он гулдӯзии бадеӣ, нақшу нигор дар сафол ва ғайра намоиш дода мешавад.
Бояд гуфт, ки чорабиниҳо бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Россия баргузор мешаванд.
Ба гуфти М. Саидов, баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 31 марти соли равон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги ФР Олга Любимова баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобит миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ карда, гуфт, ки «табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт».
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба- солҳои 2005-2010-2014-2017-2021 баргузор гардидаанд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аввалин маротиба моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида буданд, ки дар расми ифтитоҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид






