Роҳҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфарш мегарданд

Октябрь 11, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Аз ҷумла, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳаи Навободи ноҳия мумфаршкунии 7 км роҳ ҷараён дорад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои мумфаршкунӣ шинос шуда, барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Роҳи деҳаи Навобод солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилии сокинон осон мешавад.

Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, мумфаршкунии роҳро мутахассисони ширкати «Ваҳдат-2018» ба уҳда доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 11, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад