«САДОИ ДИЛ». Имрӯз Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён ҷамъбаст мегардад

Октябрь 7, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти унвони «Садои дил» даври ҷамъбастӣ ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён ба Рӯзи Фалак ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он амалисозии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» мебошад.

Ба гуфтаи  Озар Орифӣ, фестивал бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон аз рӯи ду номина- «Беҳтарин фалаксаро» ва «Беҳтарин иҷрои сози дутор» дар се давр доир гардид. Даври аввали фестивал нимаи аввали моҳи сентябр дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва даври дуввуми он нимаи дуюми моҳи сентябр дар вилоятҳо баргузор шуд.

«Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони «Садои дил» довталабони аз 14 то 35-сола иштирок намуданд. Дар ду даври он аъзои ҳакамон аз шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ба ҳунари иштирокдорон баҳо гузоштанд»,- гуфт ӯ.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, жанри созию овозии «Фалак» аз даврони куҳан сарчашма гирифта, дар худ арзишҳои умумимиллиро таҷассум мекунад. Дар он мазмуну моҳияти рӯзгори мардум бо андарз, ҳикмат ва тасаввуру боварҳо печидаанд. Ҳамин арзишҳои  ин жанр буд, ки 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр  Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 7, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид