Шаҳло Ватанова: «Дар ҷодаи соҳибкорӣ роҳи душвор ва пурпечутоберо тай намудаам, то муваффақ гардам»
ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. То соҳибкори муваффақ гардидан роҳи душвор ва пурпечутоберо дар ин ҷода тай намудаам. Чунин гуфт яке аз бонувони соҳибкор ва муваффақи тоҷик, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» Шаҳло Ватанова дар Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.
… Шаҳло Ватанова мактаби миёнаи№56-и пойтахтро бо забони русӣ ва бо ҳидояти модараш мактаби дӯзандагиро бо баҳои аъло хатм намуда, дар дилаш орзуи тарроҳи либос ва ороишгари мӯд шуданро мепарварид. Аз ин рӯ, думболи амалӣ гардидани орзуи деринааш роҳ ба сӯи Донишгоҳи технологӣ (ихтисоси тарроҳи либос ва ороишгари мӯд), воқеъ дар Украинаро пеш гирифт. Бо заҳмату талоши хеш ба Донишгоҳи технологии Виннитсаи Украина дохил шуда, таҳсилро идома дод. Баъди бозгашт аз Украина ба Тоҷикистон дар Комбинати таълимию истеҳсолӣ ду сол ба ҳайси муаллимаи дӯзандагӣ фаъолият намуд. Тибқи фармоиш барои мизоҷон хилъату ҷома, пироҳану курта бо тарҳу шаклҳои гуногун ва замонавӣ омода менамуд. Дар баробари дӯзандагӣ кори хонаю тарбияи фарзандонро анҷом медод.
Баъдан ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгор-равоншинос хатм намуд.
«Бо ҳукми тақдир бо се кӯдаки хурдсол дар хона танҳо мондам. Ҳунар, ки доштам, тавонистам зиндагиро пеш барам. Тамоми неруи худро барои ояндаи фарзандонам сарф намудам. Баъд аз 20 соли дар хона нишастан маҷбур шудам, ки соли 2014 ба кор бароям, зеро фарзандонам калон мешуданд ва эҳтиёҷоташон ҳам меафзуд. Корро ба сифати Директори маркази омӯзиши дӯзандагӣ, ки дар назди Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» фаъолият дошт, шурӯъ намудам. Соли 2014 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маро ба кор дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт даъват намуд. Дар он ҷо Маркази омӯзишӣ-истеҳсолии «Шаҳлои Ватан»-ро таъсис додам, ки ба маросими ифтитоҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварданд. Инчунин бо пешбарии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино вакил интихоб гардидам»,- меафзояд Шаҳло Ватанова.
Маҳз ба шарофати чашмикордонию масъулият соли 2017 роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» таъйин гардид. Корхонаро ба кор андохт ва ба духтарону занони хонанишини маҳаллӣ нозукиҳои касби чеварӣ омӯзонд ва онҳоро бо кор ва маоши хуб таъмин намуд. Ҳоло дар корхонаи «Гулдастон» беш аз 25 нафар занони маҳаллӣ ба омода намудани либоси корӣ, ягона (униформаҳо) ва дигар маҳсулот бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.
«Худомӯзиву худтакмилдиҳӣ, курсу семинарҳои ташкилоти гуногун, бахусус курси «Зан – роҳбар» бароям такони ҷиддӣ гардиданд. Акнун медонам, ки корро бояд чӣ тавр ташкил кард. Яке аз мушкилӣ омода намудани мутахассисон аст. Занонеро, ки дӯхта наметавонистанд, ба кор мегирифтам, ба онҳо ройгон таълим медодам. Баъдан дарк намудам, ки аз онҳо кадрҳои хуб омода ва ба бозори меҳнат пешниҳод намудаам», — мегӯяд соҳибкорзан.
«Дастгириҳои давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувон, бахусус бонувони соҳибкор дар сатҳи барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. Яке
аз чунин дастгириҳо- ин грантҳои президентӣ мебошанд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ ба ман дастрас гардиданд. Роҳи душвори шиносоӣ бо соҳибкорӣ ва тиҷоратро тай намудаам. Шогирдонам аз рӯи усуле, ки 20 сол боз таҳия кардаам, таълим мегиранд», афзуд Шаҳло Ватанова.
Шаҳло Ватанова дар оянда ният дорад, ки дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат дар кишвар фаъолияти коргоҳи қолинбофии корхонаи «Гулдастон»-ро тавсеа бахшида, дар он коргоҳи мукаммали коркарди пашм ва ришта барои рушди қолинбофии дастӣ ташкил ва ба хориҷа маҳсулот содирот намояд. Маҳсулоти корхонаи «Гулдастон», ки борҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба намоиш гузошта шудаанд, муаррифи ҳунари бонувони чирадасти тоҷик дар симои бонуи соҳибкор Шаҳло Ватанова мебошанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд






