Ширкати «Фармасинтез» — и Россия дар Тоҷикистон коргоҳи истеҳсоли маводи доруворӣ месозад
ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати дорусозии «Фармасинтез» — и Федератсияи Россия нақша дорад маводи дорувории худро бо нархҳои арзон ба Тоҷикистон ворид сохта, минбаъд истеҳсолоти онро ба роҳ монад. Дар ин хусус имрўз, 21 октябр зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори бахши содироти ширкати дорусозии «Фармасинтез» — и Федератсияи Россия Григорий Демидов хабар дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаи нав дар самти бунёди коргоҳи истеҳсоли дорувориро баррасӣ карданд.
Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаи саноат ва нигаҳдории тандурустӣ маълумот дода, таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тиб ва дорусозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар мамлакат коргоҳҳои истеҳсоли доруворӣ фаъолият доранд.
Григорий Демидов зимнан таъкид дошт, ки ширкати «Фармасинтез» барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз вилояти Суғд омода мебошад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фармасинтез» яке аз панҷ бузургтарин ширкати дорусозӣ дар Россия буда, беш аз 500 номгӯй доруворӣ истеҳсол менамояд. Ширкат дар панҷ минтақаи Россия коргоҳҳои истеҳсолии худро дошта, дар онҳо 4000 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани хати истеҳсолӣ баён доштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»






