Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият мебахшанд

Октябрь 28, 2022 16:58

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати порлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбоев мулоқот намуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Қазоқистон имконоти хеле зиёд ва фаровон барои тақвияти равобити байнипарлумонӣ вуҷуд доранд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дӯстони хуб ва шарикони стратегӣ мебошанд.

Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкории байнипарлумонӣ гуфт, ки миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар қолаби бисёрҷониба муносибатҳои самимии дӯстона инкишоф меёбанд.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода ва Рустам Латифзода иштирок намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 28, 2022 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад